Home > ХАБАРҲО > Ҳамкориҳо бо Донишкадаи назди Донишгоҳи Вашингтон оид ба саломатӣ ва арзёбӣ ба роҳ монда мешаванд

Ҳамкориҳо бо Донишкадаи назди Донишгоҳи Вашингтон оид ба саломатӣ ва арзёбӣ ба роҳ монда мешаванд

Ҳифзи сиҳатии мардум, ба роҳ мондани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба хусус дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак имрӯзҳо Барномаҳои мухталифи давлатӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мешаванд. Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз онҳост, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон равона карда шудааст. 

Бо мақсади татбиқи саривақтии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” вохурии Гурӯҳи кӯмаки техникии Бонки осиёии рушд “М4Н” ва намояндаи Донишкадаи назди Донишгоҳи Вашингтон оид ба саломатӣ ва арзёбӣ, Муҳсин Нағавӣ бо масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи Лоиҳа  доир гардид.

Дар фарҷоми вохӯрӣ муҳокимаҳо оид ба бастани Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи назди Донишгоҳи Вашингтон оид ба саломатӣ ва арзёбӣ дар самти ҷамъоварии маълумотҳои омори тиббӣ, истифодаи маълумотҳо барои қабули қарорҳо, арзёбӣ ва баҳодиҳӣ, тарғибот ва таҳияи сиёсатгузорӣ сурат гирифта шуданд.

Бояд қайд кард, ки Донишкадаи назди Донишгоҳи Вашингтон оид ба саломатӣ ва арзёбӣ яке аз Донишкадаҳои беҳтарин дар самти ҷамъоварии омор ва иттилоот ба ҳисоб меравад. Донишкада бо аксар кишварҳои олам ҳамкории судманд дошта,  дар самти ҷамъоварии омори тиббӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. (Маълумоти муфассалро дар ин бора дар сомонаи http://www.healthdata.org/ пайдо кардан мумкин аст). 

Ёдовар мешавем, ки татбиқи Лоиҳа баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар ноҳияҳои пилотӣ аз ҷумла Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин дар ин вохурӣ қайд карда шуд, ки  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ сол то сол хизматрасонӣ ба модарону кӯдакон дар кишвар беҳтар гардида, иқдоми мазкур аз дастгирӣ ва пуштибонии ҳамҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ  дарак медиҳад.