Home > Харид > Озмуни харид > Дархости нархнома Барои харидорӣ ва муҷаҳаз намудани утоқҳои кории бинои Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа бо таҷҳизотҳои мебелӣ

Дархости нархнома Барои харидорӣ ва муҷаҳаз намудани утоқҳои кории бинои Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа бо таҷҳизотҳои мебелӣ

Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд – 0627-ТАJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни харидорӣ ва муҷаҳаз намудани утоқҳои кории бинои Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа бо таҷҳизотҳои мебелӣ, даъват менамояд.

Ширкатҳои ҳавасманд, пешниҳоди тиҷоратии худро тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои тендерӣ тартиб дода,  то рӯзи 2 июли соли 2019 соати 1000 ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченько 61, бинои Муассисаи давлатии «Пажуишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон» ошёнаи 3-юм  пешниҳод намоянд.

Шартҳои боқимонда ва муфассали озмун дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ дарҷ гардидаанд.

Маълумот барои тамос:

Тел.: +992 37 221 1606

Почтаи электронӣ: adbhpp@gmail.com