ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БОНКИ ОСИЁИ РУШД
ГУРУҲИ ТАТБИҚИ НАЗДИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ
ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”
(гранти Бонки осиёии рушд- 0627 –TAJ (SF))
Душанбе 2019
Номи Лоиҳа: «Хизматрасониҳри маҷмӯӣ барои модару кудак»
Роҳбари Лоиҳа: Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло
Менеҷери Лоиҳа: Маҳмудзода Исфандиёр Сафарӣ
Ҳадафҳои Лоиҳа: беҳтаркунии хизматрасонии маҷмӯавӣ дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон
– беҳтаркунии банақшагирӣ ва тақвияти захираҳои инсонӣ бо таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти дурусти кадрҳо
– вориднамоии системаи самараноки беморон байни кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳо
– ҳамгироии барномаҳои амудӣ ба сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ
– мукаммалнамоии системаи беҳтаркунии мутаасили сифат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ
– таъсиси системаи назорати устодӣ
– вориднамоии маблағгузорӣ дар асоси табобат дар беморхонаҳо
– мукаммалсозӣ ва беҳтаркунии инфрасохтор дар беморхонаҳо ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба туфайли сохтмон
– таъмири иншоотҳо, таъминот бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ
– беҳтаркунии системаи идоракунии таҷҳизот ва тақвияти иқтидори мутахассисон оид ба хизматрасонии техникии таҷҳизот
Самтҳои фаъолияти Лоиҳа:
Лоиҳа дар Марказҳои саломатии Деҳотӣ (МСД), Марказҳои саломатии Ноҳиявӣ (МСН), Бунгоҳҳои тиббӣ (БТ), Беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ (БМН) ва Беморхонаҳои минтақавии ноҳияҳои Рашту Файзободи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон татбиқ мегардад.
Нишондодҳо дар н. Рашт, н.Файзобод, н.Ш. Шоҳин дар соли 2018
Давраи амалисозии лоиҳа:
Оғози Лоиҳа: 29 марти соли 2019
Анҷоми Лоиҳа: 31 августи соли 2025
Лоиҳа қисматҳои зеринро дарбар мегирад:
Беҳтар намудани хизматрасонии ҳамгироишудаи босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавӣ:
– Беҳтаркунии банақшагирӣ ва таҳкими
иқтидори захираҳои инсонӣ тавассути таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти
кадрҳо барои ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа, аз ҷумла тавассути омӯзиши кормандони
КАТС ва хадамоти госпиталӣ оид ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар
марказҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ.
– Таҳия, татбиқ ва назорати риояи низоми роҳхат барои расонидани
хизматрасониҳои ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон ва омўзонидани кормандон оид
ба роҳҳои равонасозӣ ҳангоми ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон;
– Таъмини кӯмаки техникӣ дар таҳия ва татбиқи низоми муттасили
беҳтаркунии сифат, боздид ва таъмини риояи протоколҳои клиникии саломатии
модарон ва кӯдакон;
– Тариқи пилотӣ амалӣ намудани механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат
дар беморхонаҳое ки дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ҷойгир мебошанд;
Такмил ва таҷдиди хизматрасониҳо дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавӣ
– Сохтмон ва таъмири беморхонаҳои
марказии ноҳиявӣ ва марказҳои саломатии ноҳиявӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа;
– Таъмин намудани беморхонаҳо ва муассисаҳои КАТС бо таҷҳизотҳо ва мебелҳои
тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа;
– Дастгирии таъсиси низоми идоракунии таҷҳизот тавассути таъмин намудан
бо таҷҳизотҳо барои хизматрасонӣ ва таҳкими иқтидори мутахассисон оид ба
идоракунии таҷҳизот дар иншоотҳои ҳадафие, ки дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа
ҷойгир мебошанд;
Баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа:
– Баланд бардоштани иқтидори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва зерсохтори он дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа тавассути таҳия ва амалисозии нақшаи баланд бардоштани иқтидори кормандон, таҳкими иқтидори кормандони марказҳои саломатии тарзи ҳаёти солими ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа дар мавзӯи таҳияи нақшаи амалисозии чорабиниҳои коммуникатсионӣ барои тағйироти рафтор, мониторинг, арзёбӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
– таҳияи тадқиқоти дониш, муносибат ва таҷрибаҳо, таҳияи стратегияҳои коммуникатсионӣ оид ба тағйири рафтор ва нақшаҳо татбиқ ва ба роҳ мондани мониторинг;
– гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳии ҷомеа барои беҳтаргардонии дониш оид ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон ва пешниҳоди грантҳои хурд ба ҷомеаҳо ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ барои тағйироти рафтор; ва
Рушди дастурҳои омӯзишӣ, маводҳои иттилоотӣ оид ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон, барномаҳои таълимӣ ва маводҳооид ба рушди малакаҳои машваратдиҳӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва аъзоёни ҷомеа.