Home > ХАБАРҲО > ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД БА РОҲ МОНДА МЕШАВАНД

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД БА РОҲ МОНДА МЕШАВАНД

Имрӯз дар толори Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати кории Гурӯҳи техникиии Лоиҳаи  “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF)) -и назди Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он шартҳои баимзорасонии  созишнома байни Лоиҳаи  “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF)) -и назди Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) оид ба татбиқи натиҷаи миёнамӯҳлати 1 ва 3-и  Лоиҳаи мазкур  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Машварати кориро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат ифтитоҳ бахшида, зимнан қайд намуд, ки дар кишвар тамоми таваҷҷӯҳ барои  ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон равона шудааст ва амали босифати Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF)) -и назди Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари таваҷҷӯҳи хосаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Менеҷери гурӯҳи  татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF)) -и назди Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Исфандиёр Сафарӣ ҳозиринро ба ҳадафҳои Лоиҳаи мазкур ва самтҳои афзалиятноки амалишавии он шинос намуда, ҳамзамон қайд намуд, ки мақсади асосии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF)) -и назди Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон ин беҳтаркунии хизматрасонии маҷмӯавӣ дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавӣ аз он ҷумла ноҳияҳои Файзобод ва Рашти ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон буда, тариқи сохтмон ва таъмири беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ва марказҳои саломатии ноҳиявӣ, таъмин намудани беморхонаҳо ва муассисаҳои КАТС бо таҷҳизотҳо ва мебелҳои тиббӣ, беҳтаркунии банақшагирӣ ва таҳкими иқтидори захираҳои инсонӣ тавассути таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти кадрҳо барои ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи мазкур, аз ҷумла тавассути омӯзиши кормандони КАТС ва беморхонаҳо оид ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар марказҳо ва муассисаҳои таълимӣ ва тариқи пилотӣ амалӣ намудани механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат дар беморхонаҳое ки дар ноҳияҳои зерҳадаф ҷойгир мебошанд, амалӣ хоҳад шуд.

Мудири бахши озуқа ва саломатии Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ), хонуми  Бриҷет Ҷоб Ҷонсон дар навбати худ зикр намуд, ки барои  амалӣ кардани ин нақшаҳои ҷолиб ва ҳамкории судманд бо Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешанд ва дар сатҳи олӣ ба анҷом мерасонанд.

Дар машварати корӣ роҳбарони  раёсату шӯъбаҳои Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ), чанде аз директорони марказҳои ҷумҳуриявӣ, мутахассисони  Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF)) -и назди Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, фикру андешаҳои худро баён доштанд.