Home > ХАБАРҲО > Даври омӯзишӣ дар мавзӯи “Мушкилоти бемориҳои глобалӣ”

Даври омӯзишӣ дар мавзӯи “Мушкилоти бемориҳои глобалӣ”

Бо мақсади татбиқи саривақтӣ ва босамари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июни соли 2019 дар меҳмонхонаи “Душанбе-Серена” даври омӯзишӣ дар мавзӯи “Мушкилоти бемориҳои глобалӣ (МБГ)”, бо иштироки Гурӯҳи кӯмаки техникии Бонки осиёии рушд “М4Н” ва намояндаи Донишкадаи назди Донишгоҳи Вашингтон оид ба саломатӣ ва арзёбӣ доир гардид.

Дар даври омӯзишӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, намояндагони муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа (Рашт, Файзобод, Шамсиддин Шоҳин) ва мутахассисони Лоиҳаи мазкур иштирок доштанд.

Даври омӯзиширо менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода И.С ифтитоҳ намуда,  ба ҳозирин вобаста ба  ҳадафҳои асосии Лоиҳа ва самтҳои фаъолияти он маълумот дод.

Инчунин дар даври омӯзишии мазкур намояндаи Донишкадаи назди Донишгоҳи Вашингтон оид ба саломатӣ ва арзёбӣ, барои иштирокчиён оид ба истифодаи маълумотҳо барои қабули қарорҳо, арзёбӣ ва баҳодиҳӣ, тарғибот ва таҳияи сиёсатгузорӣ маълумотҳои муфассал пешниҳод намуд. Ҳамчунин дар мавзӯъҳои “Таърих ва асосҳои мушкилоти бемориҳои глобалӣ”, “Усулҳои мушкилоти бемориҳои глобалӣ” ва “Сабабҳои марг” маърӯзаҳо пешниҳод гардида, атрофи он аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронҳои судманд сурат гирифт.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ва  даврҳои омӯзишӣ баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва такмили ихтисоси кормандони соҳа мусоидат хоҳанд кард.