Home > ХАБАРҲО > Гуруҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” омӯзиши гендерӣ гузаштанд

Гуруҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” омӯзиши гендерӣ гузаштанд

Бо мақсади татбиқи саривақтӣ ва босамари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли равон, даври омӯзишӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ дар тандурустӣ бо иштироки кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Даври омӯзиширо мутахассис оид ба гендер ва ҳифзи иҷтимоии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи мазкур, Бобохоҷаева Масуда ифтитоҳ намуда, ба иштирокчиёни чорабинӣ оид ба паҳлӯҳои гуногуни баробарҳуқуқии гендерӣ, санадҳои меёрии ҳуқуқӣ оид ба гендер дар Ҷумҳурии Тоиҷикистон, зӯроварии гендерӣ, сиёсати Бонки осиёии рушд барои расидан ба баробарии гендерӣ ва нақшаи амалигардонии гендерии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо пешниҳод намуда,  аз ҷониби иштирокчиён муҳокимарониҳои судманд сурат гирифтанд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ва  даврҳои омӯзишӣ баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва такмили ихтисоси кормандони Гуруҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”  мусоидат хоҳанд кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *