Санаи 25 октябри соли 2019 Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) оид ба татбиқи натиҷаи миёнамӯҳлати 1 “Беҳтар намудани таъминоти ҳамаҷонибаи сифати хизматрасонӣ оид ба ҳифзи СМК дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа” ва натиҷаи миёнамӯҳлати 3 “Баланд бардоштани дониш дар самти саломатии модару кӯдак ба воситаи фаъолиятҳои мухталифи коммуникатсионӣ”-и Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF)) – назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати татбиқи ин 2 натиҷа, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) на танҳо маблағҳои Лоиҳаро, балки маблағҳои худро низ истифода хоҳад кард. Вобаста ба ин, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) яке аз ташкилотҳои калидӣ мебошад, ки бо Лоиҳаи “Хидматрасониҳои маҷмӯ баро модар ва кӯдак” зич ҳамкорӣ хоҳад кард ва дар татбиқи он нақши муҳим дорад.
Инчунин дар кишвар ҳифзи сиҳатии модарону кӯдакон самти афзалиятнок ба шумор рафта, амали босифати Лоиҳаи мазкур баёнгари таваҷҷӯҳи хосаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ёдовар мешавем, ки мақсади асосии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF)) -и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон ин беҳтаркунии хизматрасонии маҷмӯавӣ дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, аз он ҷумла ноҳияҳои Файзобод ва Рашти ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон буда, тариқи сохтмон ва таъмири беморхонаҳои марказии ноҳияҳо ва марказҳои саломатии ноҳияҳо, таъмин намудани беморхонаҳо ва муассисаҳои КАТС бо таҷҳизотҳо ва мебелҳои тиббӣ, беҳтаркунии банақшагирӣ ва таҳкими иқтидори захираҳои кадрӣ тавассути таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти кадрҳо барои ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи мазкур, аз ҷумла тавассути омӯзиши кормандони КАТС ва беморхонаҳо оид ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар марказҳо ва муассисаҳои таълимӣ ва тариқи таҷрибавӣ амалӣ намудани механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат ва баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак бо роҳи чорабиниҳои каммуникатсионӣ, амалӣ хоҳад шуд.