Сафари навбатии намояндагони Бонки осиёии рушд бо роҳбарии Розел Лавадо- мутахассиси калон оид ба тандурустӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз 18 то 22 ноябри соли равон доир гардид, ки зимни он рафти амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Дар доираи сафари худ Розел Лавадо- мутахассиси калон оид ба тандурустӣ ва Себел Вонг-мутахассиси хурди шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии Бонки осиёии рушд бо як қатор шахсони масъул вохӯриву сӯҳбатҳо доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода рафти амалишавии Лоиҳа, татбиқи саривақтӣ, мушкилоту роҳҳои ҳалли он мавриди таҳлулу баррасӣ қарор гирифт. Дар вохӯрӣ қайд карда, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аввалин Лоиҳаи Бонки осиёии рушд дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир мебошад ва татбиқи босамари он муҳимияти хоса дорад.
Намояндагони Бонк аз роҳандозии Лоиҳа ва ибтидои фаъолияти он изҳори қаноатмандӣ намуда, назари худро нисбати нақшаҳои минбаъда иброз доштанд. Дар навбати худ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони Бонки осиёгии рушд барои оғози фаъолият изҳори сипос намуда, қайд кард, ки барои амалишавии самараноки он ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Намояндагони Бонки осиёии рушд зикр карданд, ки дар маҷмӯъ чорабиниҳои нахустини рафти амалишавии Лоиҳа тибқи нақша ҷараён дошта, Зикр карда шуд, ки Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” интихоб ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2019 тасдиқ гардид.

Сӯҳбат сари мавзӯи маблағгузорӣ дар асоси табобат бо Гуруҳи кории назди Вазорати молия оид ба ислоҳоти маблағҳои соҳаи тандурустӣ, Лоиҳаи Агентии рушди ИМА дар муассисаҳои табобати бемориҳои сил , ки аз ҷониби ташкилоти байналмилалии USAID дастгирӣ меёбанд, бо роҳбарияти намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Бонки олмонии рушд (KFW) доир гардид. Дар ин вохӯриҳо масоили самаранок ва саривақт ба роҳ мондани маблағгузорӣ, ки ба табобати сифатнок мусоидат мекунад, баррасӣ карда шуд.


Вохӯрии намояндагони Бонки осиёии рушд бо намояндагони ташкилотҳои Агентии Ҷопон оид ба Ҳамкориҳои Байналмилалӣ (JICA) ва Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) оид ба нигоҳдории таҷҳизот дар ноҳияҳои пилотӣ сурат гирифт. Зимни сӯҳбат қайд гардид, ки истифодаи самаранок аз таҷҳизоти тиббӣ ва нигоҳдошти дурусти он боиси пешрафти сифати хизматрасонии тиббӣ хоҳад буд, зеро имрӯз дар замони пешрафти илму техника дастрасӣ ба таҷҳизоти муосир дар мадди аввал меистад. Агентии Ҷопон оид ба Ҳамкориҳои Байналмилалӣ (JICA) ва Гурӯҳи кории бонк нақшаҳои кории минбаъдаи худро барои фарогирии ҳарчи бештари хизматрасониҳо дар самти тиббиву санитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи сафари худ ҳамчунин бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурда, оид ба идоракунии Сармоягузории давлатӣ ва таҳлили хароҷотҳои давлвтӣ дар соҳаи тандурустӣ андешаву пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

Вохӯрӣ ва сӯҳбат бо намояндагони хазинаи байналмилаии кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) оид ба фаъолиятҳо вобаста ба Созишнома марбут ба иҷроиши натиҷаҳои 1 (Захираҳои кадрӣ) ва 3(Муоширати ивази рафтор), нақшабандӣ ва ҳамкорӣ аз нақшаҳои ҳамкории минбаъда иборат буд. ЮНИСЕФ яке аз ташкилотҳои калидиест, ки бо Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои
модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дошта, дар раванди амалисозии Лоиҳа нақши муҳиме хоҳад дошт. Аз ин рӯ ба фаъолият бо ин ташкилоти бонуфуз мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор дорад.

Зимни вохурӣ Нақшаи кории якҷояи ЮНИСЕФ бо Лоиҳа дар соли аввали ҳамкорӣ мавриди боздид қарор гирифт. Дар навбати аввал омӯзиши вазъ дар деҳот, ҷамоварии маълумоти зарурӣ ва омӯзиши базаи моддиву техникии ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, роҳандозии ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҷалби аҳолӣ барои фаъолияти бештар, омӯзонидани кормандони тиб, тақвият бахшидани гардишҳои хонагӣ, беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии тиббӣ, омода кардани тренерон барои тарғибу ташвиқи саломатии модар ва кӯдак, гузаронидани даврҳои омӯзишӣ барои кормандони тиб ва фаъолони ҷамоатҳо ва ихтиёриён аз чумлаи вазифаҳои муҳим шуморида шуданд.

Инчунин намояндагони Бонки осиёии рушд бо ҳар як корманди Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбати алоҳида дошта, фаъолияти минбаъдаи ҳар як мутахассисро муайян намуда таъкид доштанд, ки аз фаъолияти босамари ҳар яки онҳо амалишавии сифати Лоиҳа сахт вобастагӣ дорад.

Дар маҷмӯъ, пас аз санҷишу таҳлилҳо ва баррасӣ намояндагони Бонки осиёии рушд ба ибтидои фаъолияти Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳои баланд дода, қайд карданд, ки бо вуҷуди он ки Лоиҳа фаъолияти худро дар моҳи марти соли равон оғоз карда бошад ҳам. Дар муддати кӯтоҳ дар интихоби мутахассисон ва омӯзонидани онҳо муваффақ шуд. Нақшаи хариди Лоиҳа низ қаноатбахш буда, аксари бахшҳои он аллакай мавриди амал қарор дода шудаанд.