Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз раёсатҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии раёсат пешбурди сиёсат дар соҳаи маблағгузории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.
Дар робита ба фаъолият ва самтҳои гуногуни Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мусоҳиба бо сардори Раёсат Ҳафизов Сайдалӣ Амоноич:
-Раёсати шумо, ки дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти маблағгузории соҳа фаъолият менамояд, лутфан мегуфтед, ки айни замон саҳми ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ дар рушди соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад?
– То имрўз дар соҳаи маблағгузорӣ як қатор ислоҳотҳо татбиқ гардида истодаанд, аз ҷумла татбиқи маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият дар сатҳи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, барномаи кафолатҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ, маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат дар муассисаҳои сохтори беморхонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ва корҳои омодагӣ оид ба татбиқи Суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ногуфта намонад, ки татбиқи ислоҳотҳо албатта бе дастгирии ташкилот ва созмонҳои баналмилалӣ ғайримкон мебошад. Бинобар ин, дар ин ҷодда саҳми ташкилот ва созмонҳои байналмилалӣ хеле назаррас мебошад. Аз ҷумла, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, ЮСАИД, Бонки олмонии рушд (KfW), Бонки осиёгии рушд ва Хазинаи Оғохон.
-Тавре иттилоъ дорем 29 марти соли равон Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯи барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ (SF) ба фаъолият оғоз намуд. Дар бораи ҳадаф ва мақсади фаъолияти лоиҳаи мазкур каме маълумот медодед?
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон оғоз гардидааст..
Ҳадафҳои асосии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ин беҳтаркунии хизматрасонии маҷмӯавӣ дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон, мукаммалсозӣ ва беҳтаркунии инфрасохтор дар беморхонаҳо ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба туфайли сохтмон, таъмири иншоотҳо, таъминот бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ, беҳтаркунии системаи идоракунии таҷҳизот ва тақвияти иқтидори мутахассисон оид ба хизматрасонии техникии таҷҳизот, беҳтаркунии банақшагирӣ ва тақвияти захираҳои инсонӣ бо таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти дурусти кадрҳо, вориднамоии системаи самараноки беморон байни кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва беморхонаҳо, таъсиси системаи назорати устодӣ, вориднамоии маблағгузорӣ дар асоси табобат дар беморхонаҳо мебошад.
Бояд қайд намуд, ки саҳми Бонки осиёии рушд дар ислоҳотҳои тандурустии ҷумҳурӣ хеле назаррас буда, боварӣ дорам Лоиҳаи наве, ки аз тарафи ин бонк таъсис дода шудааст, ин Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” буда, дар самти беҳтаркунии хизматрасонӣ дар самти модару кўдак бештар фаъолияти худро равона менамояд.
–Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба он дорад, ки маблағгузории сарикасӣ ва маблағгузорӣ дар асоси табобатро роҳандозӣ кунад. Шумо дар ин самт чи пешравию дастовардҳо доред ва дар ин бахш чи мушкилотҳоро бартараф кардан лозим аст?
-Бо мақсади ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кўмаки аваллияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2015 таҳти №827 «Дар бораи масъалаҳои ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ» қабул гардид.
Дар доираи қарори мазкур як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба амалисозии вориднамоии маблағгузории сарикасӣ бо дарназардошти ҳамаи моддаҳои хароҷотӣ дар сатҳи миллӣ таҳия гардида, тибқи фармоишҳои якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуданд, аз он ҷумла:
Ҷадвали зина ба зина гузариши муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба маблағгузории сарикасӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Оиди тарзи тақсимоти меъёрии маблағҳои буҷетӣ аз рӯи принсипҳои маблағгузории сарикасӣ барои марказҳои саломатии деҳот (МСД) ва бунгоҳҳои саломатӣ (БС), ки дар он меъёрҳои тавсияшавандаи минималии маблағгузории сарикасӣ барои МСД ва БС бо дарназардошти нишондиҳандаҳои махсус бо фармоиши якҷояи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тасдиқ карда мешавад;
Маблағгузории сарикасӣ аз соли 2016 дар муассисаҳои КАТС-и ҷумҳурӣ зина ба зина татбиқ шуда истодааст. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 88 муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ фаъолият мекунанд.
Дар соли 2019 дар 88 (100%) муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ маблағгузории сарикасӣ пурра ҷорӣ гардид. Меъёри маблағгузории сарикасӣ дар соли 2019 55,96 сомонӣ барои муассисаҳои шаҳрӣ ва 45,54 сомонӣ барои муассисаҳои ноҳиявӣ муқаррар карда шудааст.
Қадамҳои оянда оид ба татбиқи маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ин дастгирии минбаъдаи татбиқи маблағгузории сарикасӣ, мониторинг ва арзёбӣ, тартиб додани маблағгузории сарикасӣ дар доираи як моддаи хароҷотӣ, таҷдид ва муносибгардонии муассисаҳои тандурустӣ ва такмил додани ҳисобнамоии меъёри сарикасӣ бо истифода намудани коэффисентҳои синну солии аҳолӣ мебошад.
-Оид ба маблағгузории муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар асоси натиҷаи фаъолият чӣ гуфтан мехоҳед?
– Дар соли 2017 муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ истифодабарии механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият бо Дастурамали нав, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2016, №900 тасдиқ гардидааст оғоз намудаанд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи кормандони тиб бо давраҳои омўзишӣ оид ба Дастурамали нав фаро гирифта шуданд. Дастурамали нав тарзи истифодабарии барномаи компютерӣ, коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ, тарзи дуруст истифода намудани маблағҳоро инъикос менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳияҳои таҷрибавӣ бо схемаи МАНФ 449 муассисаҳои КАТС (10 МСН, 157 МСД и 282 БС) фаъолият намуда, зиёда аз 2000 мутахассисони КАТС-ро фаро гирифтааст, хизматрасонии тиббӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои шуморавӣ дар маҷмӯъ 223 596 ададро ташкил намудааст.
Дар 9 моҳи соли 2019 ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 24,3 млн. сомониро ташкил дода, 70% -и он барои иловапулии кормандон ва 30% – и он барои рушди инфрасохтори муассисаҳои КАТС равона карда шудааст.
Қадамҳои ояндаи татбиқи маблағгузории муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар асоси натиҷаи фаъолият, ин дастгирии таҳия ва татбиқи ворид намудани модели нави ҳавасмандгардонӣ дар сатҳи муассисаҳои КАТС ба нақша гирифта шудааст.
-Саҳми Лоиҳаҳои хориҷиро дар беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Албатта саҳми Лоиҳаҳои ташкилот ва созмонҳои баналмилалӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле назаррас буда, бо дастгирии техникӣ ва молиявии онҳо татбиқи ислоҳотҳои соҳа вобаста ба самти рушди хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоии аҳолӣ беҳтар гардида, зина ба зина амалӣ шуда истодаанд.
-Ташаккур барои суҳбат!