Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз раёсатҳои калидӣ ба хисоб рафта, дар робита ба фаъолият ва самтҳои гуногуни, Мусоҳиба бо сардори он Набиев Зоир Нарзуллоевич пешкаши хонандагон мегардад:
-Мусаллам аст, ки масъалаҳои саломатии модар ва кӯдак аз самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор мераванд. Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистондардавоми соли 2019 баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббии саривақтӣ, босифат ва мақсаднок ба занҳои ҳомила, кӯдакони норасид ва кӯдакони бемор чӣ корҳоро ба анҷом расонидааст?
– Ҳифзи сиҳатии модару кӯдак яке аз масъалаҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки ҳамагӣ дар давоми соли 2019 ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон бо ҷалби шарикон бо маблағи зиёда аз 79 197 730,03 сомонӣ ба муассисаҳои тандурустии мамлакат таҷҳизоту лавозимоти зарурии тиббӣ ва маводи доруворӣ дастрас карда шуд.
Ҳамчун дастоварди муҳим дар соҳаи ҳифзи саломатии кӯдакон ба истифода додани бинои нави муосири Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона дорои 200 кат, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2019 мебошад, ки барои беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба кӯдакони гирифтори бемориҳои сироятӣ ва паст намудани фавти кӯдакон мусоидат менамояд.
Дар натиҷаи амалисозии қонунҳо ва стратегияҳои дар соҳаи тандурустӣ амалишаванда, тайи 8 соли охир нишондиҳандаҳои қадпастӣ, камвазнӣ нисбати синну сол ва камхунӣ дар байни кӯдакон ва занони синну соли қобили таваллуд кам гардида, аз натиҷаи мусбии татбиқи самараноки сиёсати давлат дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак гувоҳӣ медиҳад. Норасогии микронутриентҳо (витаминҳо ва минералҳо) яке аз сабабҳои асосии беморшавӣ ва фавти кӯдакон мебошад. Дар “Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030” масъалаи ғизо яке аз самтҳои афзалиятноки рушд ба ҳисоб меравад. Ғизои солим аз рӯзи ҳомиладорӣ ва то ду соли аввали ҳаёти кӯдак, яъне 1000 рӯзи муҳим зарур аст. Дар ин раванд, бо мақсади паст намудани сатҳи камғизоӣ дар байни кӯдакон ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, ба шӯъбаҳои соматикии кӯдаконаи беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 4340 адад ғизои табобатии F-100 ба маблағи 277890,2 сомонӣ, 5521 адад ғизои табобатии F-75 ба маблағи 353509,63 сомонӣ ва 8970 адад ғизои БиПи-100 ба маблағи 178592,7 сомонӣ бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дастрас гардидааст. Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани имкониятҳо барои ҳифзи саломатӣ ва ғизогирӣ, нигоҳубини ғамхорона ва оғози барвақти таълими кӯдак аз тарафи гурӯҳи кории байнисоҳавӣ лоиҳаи “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали тиллоии ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020- 2024”» таҳия гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар асоси Созишномаи дутарафа бо дастгирии ташкилоти ғайридавлатии “LDC Charities (Амрико)” ҳамасола таҷҳизотҳои тиббӣ ва омӯзишӣ (ларингоскоп, халтаи Амбу, манекенҳои хурд ва калон барои омӯзиши эҳёгарии навзодон, барои таваллуд, синамаконӣ) дастрас мегарданд, ки дар натиҷа сифати хизматрасонӣ ба навзодон беҳтар мегардад. Ҳамзамон, дар моҳи июни соли 2019 даврҳои омӯзишӣ оид ба мавзӯъҳои «Наҷоти навзодон ва нигоҳбини кӯдакони камвазн», «Нигоҳубини ҳар як кӯдаки навзод» ва «Расонидани кӯмак барои нафасгирии навзод» гузаронида шуда, зиёда аз 106 нафар шахсони масъули ҳуҷраҳои симулятсионӣ омӯзонида шуданд. Дар ин раванд, 204 нафар мутахассисон оид ба низомномаи ҳуҷраҳои симулясионӣ ва истифодаи манекентҳо нисбати наҷотбахшии навзодон омӯзонида шудаанд.
–Мехостем назари Шуморо вобаста, ба зарурати татбиқи чунин як Лоиҳа дар самти беҳтарсозии хизматрасонӣ ба модар ва қӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷиистон дониста бошем.
-Татбиқи Лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон амалӣ мегардад ва барои беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯавӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии модарону кӯдакон мусоидат менамояд. Бояд қайд кард, ки дар ин ноҳияҳои таҷрибавӣ тамоми ҷабҳаҳои системаи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон такмил дода шуда, дар натиҷа як модели нави намунавӣ ташкил карда шуда, баҳри таҷрибаомӯзӣ барои дигар ноҳияҳо пешниҳод мешавад. Қайд кардан лозим аст, яке аз ҳадафҳои асосии Лоиҳаи мазкур дар ноҳияҳои таҷрибавӣ баланд бардоштани иқтидори кормандони муассисаҳои тиббӣ аз ҷумла; табибони атфол, акушер гинекологҳо, неонатологҳо, эҳёгарони кӯдакона, асабшиносони кӯдакона, равоншиносони кӯдакона мебошад. Беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ ва сохтмонҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ барои модарон ва кӯдакон муҳимияти хоса дорад.
Тибқи омори расмӣ фавти модару кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадди зарурӣ поин оварда шудааст, пас дар соҳа ва ё дар самти таъмини шароити арзандаи тиббӣ ба модар ва кӯдак дар мамлакат чӣ мушкилоту норасиҳо ҷой дорад?
-Албатта дар ҷое, ки кор ҳаст, мушкилоту камбудиҳо низ ҷой доранд. Дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак проблемаҳоро зеринро метавон номбар кард:
- Нарасидани мутахассисони соҳа – педиатрҳо, акушер гинекологҳо, неонатологҳо, эҳёгарони кӯдакона, асабшиносони кӯдакона, равоншиносони кӯдакона;
- Паст будани базаи моддӣ – техникии шӯъбаҳои соматикии кӯдакона ва таваллудӣ (таъминот бо таҷҳизотҳои муосир, доруворӣ, фарсуда шудани системаи обу коррезӣ, таъмири бино ва ҳуҷраҳо), муассисаҳои шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;
- Никоҳи хешутабории наздик дар миёни ҷавонон ва таваллуди кӯдакони маъюб;
- Нарасидани маблағ барои соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдак – барои иммунизатсия, ташхис ва табобати кӯдакон (аз ҷумла бо бемориҳои ирсӣ – авлодӣ, нуқсонҳои модарзодӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо ва ғайраҳо);
- Мушкилоти ғизогирии кӯдакон ва модарон – баланд будани сатҳи нишондиҳандаҳои қадпастӣ дар байни кӯдакони синни то 5 сола (с.2012 – 26%, с.2017-18% Тадқиқоти тиббӣ – демографӣ), лоғарӣ (с.2012 – 10%, с.2017- 6%), камавазнӣ (с.2012 – 12%, с.2017- 8%), камхунӣ дар байни занони синни қобили таваллуд с.2017- 41%, дар байни кӯдакон 42%.
– Ба назари Шумо корҳои асосие, ки дар доираи Лоиҳаи мазкур анҷом дода мешаванд, кадомҳоянд?
-Тавре ба ҳамагон маълум аст, Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз 3 қисмат иборат аст, ин
Якум- Беҳтар намудани хизматрасонии ҳамгироишудаи босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа:
Дуюм- Такмил ва таҷдиди хизматрасониҳо дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа:
Сеюм- Баланд бардоштани сатҳи дониш дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа:
Вобаста ба ин моҳи октябри соли 2019 Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) оид ба татбиқи қисмати 1 ва 3-и Лоиҳаи мазкур ба имзо расонида шудааст.
Дастовардҳои назарраси Лоиҳа бошад ин беҳтар шудани нишондодҳои саломатии кӯдакону модарон мебошад, ки тавассути – паст шудани нишондодҳои фавти кӯдакону модарон, баланд шудани индекси саломатии занону кӯдакон, беҳтар гардидани иттилоотнокии аҳолӣ, хусусан модарон оид ба масъалаҳои саломатии худ ва кӯдакон, пешгирии бемориҳо, ғизои солим, кам шудани теъдоди кӯдакони гирифтори норасогии шадиди вазнин ва миёнаи ғизоӣ, баланд шудани сатҳи фарогирии кӯдакон бо иммунизатсия, васеъ шудани чорабиниҳое, ки ба инкишофи бармаҳал ва дахолати бармаҳали кӯдак мусоидат менамояд, амалӣ мегардад. Албатта да доираи амалишавии бомуваффақияти Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бисёр мушкилоти мавҷуда метавонад ҳалли худро ёбад.
Боқӣ барои ҳамаи кормандони Лоиҳа барори кор ва муваффақият мехоҳам.
Барои сӯҳбати бисёр пурмӯҳтаво ташаккури зиед!