Санаи 30 январи соли 2020 дар толори Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ оид ба баррасии Нақшаи кории Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” барои соли 2020 доир гардид.
Дар машварати корӣ Маҳмудзода И.С., менеҷери Гуруҳи татбиқи Лоиҳа, роҳбарони Раёсатҳои калидии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла: Набиев З.Н., сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оила, Раҷабзода С.Р., сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм, Воҳидов С., сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврӣ, Мухторова П.Ш., директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Худойдодова Ф.А., муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимиву клиникии тибби оилавӣ, намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ), кормандони Гуруҳи татбиқи Лоиҳа ва масъулини дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Машварати кориро менеҷери Гуруҳи татбиқи Лоиҳа ифтитоҳ бахшида, зимнан қайд намуд, ки амали босифати Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баёнгари таваҷҷӯҳи хосаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, татбиқи босамар ва саривақтии он вазифи асосии Гуруҳи татбиқи Лоиҳа мебошад.
Намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ), дар навбати худ зикр намуданд, ки барои амалӣ кардани ин нақшаҳои ҷолиб дар ҳамкории зич бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда дар татбиқи вазифаҳои банақшагирифташуда чораҳои зарурӣ меандешанд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 25 октябри соли 2019 Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) оид ба татбиқи натиҷаи миёнамӯҳлати 1 “Беҳтар намудани таъминоти ҳамаҷонибаи сифати хизматрасонӣ оид ба ҳифзи СМК дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа” ва натиҷаи миёнамӯҳлати 3 “Баланд бардоштани дониш дар самти саломатии модару кӯдак ба воситаи фаъолиятҳои мухталифи коммуникатсионӣ”- и Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расонида шудаст.
Дар навбати хеш Раҷабзода С.Р., сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илм пешниҳод намуд, ки дар асоси “Консепсияи таҳсилоти мутаасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тартиби рушди мутаасили касбӣ/таҳсилоти мутаасили мутахассисони тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Турсунзода ба таври таҷрибавӣ ворид карда шудааст, мо метавонем онро дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа аз ҷумла Рашт, Файзободи тобеи ҷумҳурӣ ва Ш.Шоҳини вилояти Хатлон ворид намоем. Ҳамзамон ҷиҳати тартиб додани Реестри кадрҳои тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ҳамаи нишондодҳо ба назар гирифта шуда, маълумотҳоро пурра ва дақиқ ворид кардан зарур аст. Ҳамчунин Раҷабзода С.Р. таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани иқтидори кадрӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба хотири пешбурди фаъолияти Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҳамаҷониба омода аст.
Набиев З.Н., сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар навбати худ қайд намуд, ки баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ барои модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Лоиҳаи мазкур ва Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оила ба ҳисоб рафта пешниҳод намуд, ки ҳангоми омузонидани кадрҳои тиббӣ ба кормандони миёнаи тиб таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда шавад.
Дар давоми машварати корӣ иштирокчиён фикру андешаҳои худро ҷиҳати табиқи саривақтӣ ва босамари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, барои амалишавии он чораҳои зарурӣ меандешанд.