Шурӯъ аз охирҳои моҳи декабри соли 2019 мақомоти Чин ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ доир ба хуруҷи бемории илтиҳоби шуши номаълум дар шаҳри Вуҳан, воқеъ дар қисми марказии ин мамлакат хабар доданд. Коршиносон ангезандаи бемориро муайян карда, ба хулосае омаданд, ки ин коронавируси 2019-nCoV мебошад. Имрӯз ҳолатҳои сирояти коронавирус ғайр аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар 23 кишвари дигар дида мешаванд. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) авҷ гирифтани бемории мазкурро чун ҳолати фавқулодаи дорои аҳамияти байналмилалӣ эътироф намудааст. Бо мақсади пешгирӣ аз коронавирусТашкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣбо ҷалби доираи васеи коршиносон тавсияҳо ва пешниҳодҳои худро таҳия намудааст: