Home > ХАБАРҲО > Ташшабуси Бонки осиёии рушд роҷеъ ба коронавирус

Ташшабуси Бонки осиёии рушд роҷеъ ба коронавирус

МАНИЛА, ФИЛИППИН (7 феврали соли 2020)

Имрӯз Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои дастгирии мубориза бо паҳншавии коронавирус (nCoV) 2 миллион доллар маблағгузории навро тасдиқ кард.

Ин маблағҳо кӯмаки техникии ҷории минтақаро пурра намуда, мубориза бар зидди вирусро дар Камбоҷа, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Халқии Демократии Лаос, Мянма, Таиланд ва Ветнам пурқувват мекунанд.

Чорабинии мазкур таҳияи тавсияҳоро оид ба такмил додани таҳқиқот ва назорати сар задани беморӣ, аз ҷумла дар деҳот ва мустаҳкам намудани устувории системаҳои тандурустӣ ва аксуламали саривақтӣ ба эпидемияро маблағгузорӣ хоҳад кард. Дар чаҳорчубаи ин иқдом таҳвили таҷҳизоти ташхисӣ ва лабораторӣ барои мубориза бо вирус ба нақша гирифта шудааст.

“БОР таҷрибаи расонидани кӯмаки фаврӣ ва мақсаднокро ба аъзоёни хеш дар ҳолатҳои фавқулодда дорад” иброз намуд Президенти БОР ҷаноби Масатсугу Асакава. “Мо омодаем, ки ба қадри зарурӣ кӯмаки иловагӣ расонем.”

БОР бо мансабдорони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар коршиносони минтақавӣ барои муайян кардани самтҳои ҳамоҳангсозӣ ва кӯмаки минбаъдаи молиявӣ барои вокуниш ба вазъияти соли 2019, ҳамкории зич дорад.

Дар ҳоли ҳозира, кӯмаки иловагии техникӣ барои дигар кишварҳои рӯ ба инкишоф дар беҳтар кардани системаҳои асосии иқтисодӣ ва тандурустӣ, аз ҷумла назорати бемориҳо, таъмини доруҳо, нақшаҳои вокуниш ба сироят ва ҳамкориҳои минтақавӣ омода карда мешаванд. Агар зарур бошад, дастгирӣ метавонад хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро дар бар гирад. Дигар фаъолиятҳо метавонанд арзёбии иқтисодӣ ва системаи тандурустиро дар бар гиранд, ва аксуламали мувофиқро таҳия кунанд.

Иқтисодчиёни БОР омилеро, ки вирус метавонад ба иқтисодиёти минтақа, ба монанди сайёҳӣ, хӯрокворӣ, савдо ва таъминот таъсир расонад, омӯхта истодаанд.

БОР пешрафти устувори Осиё ва Уқёнуси Оромро ҳадафи асосии худ мешуморад ва ҳамзамон кӯшишҳои худро барои решакан кардани камбизоатӣ дар минтақа идома медиҳад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *