Home > ХАБАРҲО > Таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гардид

Таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” баргузор гардид

Имрӯз, 25 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Ширин Исматуллозода ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини  раиси кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Насим Олимзода, Аъзои  кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”:  Гулаҳмадзода З.Г., муовини сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидӣ Ю., муовини вазири  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон; Камолиддинзода И.Ҷ., муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Назирӣ Л.Қ., муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Шерализода Ш.А., муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулмуинова З., муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;  сардорони як қатор раёсатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳаи мазкур иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Исматуллозода Ширин ифтитоҳ бахшида, оид ба рӯзномаи ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва мақсад аз баррасӣ намудани масъалаҳои баррасишаванда мухтасар иттилоъ дода, таваҷҷӯҳи ҳозиринро оид ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла ноҳияҳои Файзобод ва ноҳияи Рашти тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷалб намуд.

Қайд карда шуд, ки тамоми чорабиниҳои амалишаванда дар доираи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” зикр гардидаанд” ба роҳ монда шудаанд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа Саида Умарзода муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалисозии лоиҳаи мазкур баромад намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки новобаста аз он, ки лоиҳаи мазкур 29 марти соли 2019 ба фаъолият оғоз намудааст, то имрӯз амалигардонии лоиҳа ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ба аъзои кумита, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босамари лоиҳа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Сипас, аз ҷониби менеҷери Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”  Маҳмудзода И.С, оид ба амалисозии лоиҳа аз рӯи қисматҳои он  ба ҳозирин маълумот пешниҳод карда шуд.

Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа миёни иштирокчиён  мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳозирин оид ба фаъолияти лоиҳа фикру андешаи худро баён намуданд.

Бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” қарор қабул намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *