10 марти соли равон дар маҷмааи Душанбе Плаза ҷаласаи Бонки осиёии Рушд баргузор гардид. Бонки осиёии Рушд (БОР) нишондиҳандаҳои нақшавии солонаи пардохти маблағҳоро барои Тоҷикистон дар соли 2019 40% зиёдтар намуд. Дар ин бора дар ҷаласа барои анҷом додани арзёбии иҷрои лоиҳаҳои аз ҷониби БОР маблағгузоришаванда дар кишвар барои соли 2019 изҳор карда шуд.
Дар ҷаласа Шерализода Ш. муовини якуми раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Раза М.Фаррух, роҳбари бахши идоракунии лоиҳаҳои БОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини лоиҳаҳои БОР ҳузур доштанд.
Ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳо баррасӣ шуданд ва оид ба чораҳои ҳаллу фасли онҳо мувофиқа ҳосил гардид. Тартиби дохилии дарозмуддати тасдиқи созишномаҳои грантӣ ва иҷрои шартҳои эътибор пайдо кардани лоиҳаҳо, инчунин андозбандии шартномаҳое, ки дар доираи лоиҳаҳои БОР харидорӣ шудаанд, ҳоло ҳам таваҷҷуҳро талаб мекунанд. Лоиҳаҳои аз ҷониби БОР маблағгузоришуда дастгирии кӯшишҳои кишварро барои ноил шудан ба рушди устувори фарогир ва беҳтар намудани шароити иҷтимоию иқтисодии аҳолии мамлакат идома медиҳанд. Ҷаласаи имрӯза шарҳи солонаи иҷрои лоиҳаҳоро, ки аз ҷониби БОР ва Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки агентиҳои татбиқкунанда гузаронида шуд, ҷамъбаст кард.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2019 маблағгузории БОР дар Тоҷикистон 16 лоиҳаро бо арзиши умумии 768 миллион доллар дар бар мегирад, ки аз онҳо 686 миллион доллар ё 89% – ро грантҳо ташкил медиҳанд. Бузургтарин гирандагони кумаки умумии БОР соҳаҳои энергетика ва нақлиёт буда, мутаносибан 45,1% ва 29,5% – ро дар бар гирифтанд. БОР инчунин соҳаи кишоварзӣ, захираҳои табиӣ ва рушди деҳот (9,2%), обрасонӣ ва дигар зербиноҳо ва хизматрасониҳои шаҳрӣ (5,4%), тандурустӣ (4,2%), маориф (4,1%) ва бахши молиявӣ (2,5%) – ро маблағгузорӣ кардааст. Инчунин, 9 лоиҳаи кумаки фаннӣ (техникӣ) ба маблағи умумии 7,3 миллион доллар татбиқ карда шуданд
Инчунин дар маҷлис ҳисоботи менеҷери лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Махмудзода И.С. оид ба иҷроиши қисматҳои лоиҳа шунида шуд. Махмудзода И.С қайд кард, ки татбиқи чунин лоиҳа дар ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад.
Дар маросими махсус дар ҷараёни ҷаласа, БОР лоиҳаҳоеро, ки дар соли 2019 натиҷаҳои хуб нишон доданд зикр намуд ва сазовори мукофот гардонид.
Зикр намудан бамаврид аст, ки ёрии нахустин БОР ба Тоҷикистон дар соли 1998 тасдиқ карда шуд, ки барои дастгирии барқароркунии баъди низоъ равона карда шуда буд. Аз он замон, БОР беш аз 1,8 миллиард долларро барои кишвар, аз ҷумла беш аз 1,3 миллиард доллар грантҳо сафарбар намудааст. Ин кумакҳо ба беҳтар шудани зербинои нақлиётӣ ва энергетикии кишвар, дастгирии рушди иҷтимоӣ, тавсеаи истеҳсолоти кишоварзӣ ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва савдо мусоидат кардааст. БРО ҳавасманд аст, ки ба минтақаи шукуфон, ҳамгирошуда, ҳаётан устувор ва босуботи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ноил шавад ва дар баробари ин барои идомаи барҳам додани камбизоатии шадид фаъолият намояд.
БОР соли 1966 таъсис ёфтааст. Саҳмиядорони бонк 68 давлат мебошанд, ки аз онҳо 49 давлат дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ҷойгиранд.