Бонки Осиёгии Рушд (БОР) дар доираи лоиҳаи татбиқшавандаи оид ба нигоҳубини ҳамаҷонибаи саломатии модару кӯдак ва бо мақсади дастгирии кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коронавируси нав COVID-19 100 ҳазор доллар грант ҷудо кард.
Дар доираи гранти мазкур таъмини истифодаи хариди ниёзҳои аввалия (маска, дастпӯшҳо, респираторҳо, термоскантерҳо) ва ташхисҳои зарурӣ харидорӣ ва ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки то 15 марти соли 2020 дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи гирифтор шудани шаҳрвандон ба коронавируси навъи COVID-19 тасдиқ нашуда, то ин замон дар кишвар 1566 нафар ба карантин фаро гирифта шуданд.
Бояд зикр кард, ки БОР бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар шарикони алоқаманд дар иртибот буда, дар ҳолати зарурӣ барои расонидани кӯмак омода мебошад..