Home > ХАБАРҲО > Дастгирии Бонки осиёии рушд ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди коронавируси нав COVID-19

Дастгирии Бонки осиёии рушд ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди коронавируси нав COVID-19

12 майи соли 2020 аз ҷониби  Бонки Осиёии Рушд дар доираи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани маводҳои ниёзи аввалия ва муҳофизатӣ бар зидди бемории коронавируси нав COVID-19 ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар маросим Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, Менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Исфандиёр Сафарӣ ва масъулини соҳа иштирок доштанд.

Бояд қайд кард, иқдоми мазкур ба маблағи 983,604 сомонӣ баробар буда дорои 25 номгӯи маводҳои ниёзи аввалия ва муҳофизатиро аз ҷумла: ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳои тиббӣ, маводҳои безараргардонӣ, кобинезонҳои муҳофизатӣ, дастпушҳо, маводҳои лозима барои гигиенаи шахсӣ, антисептикҳо, айнакҳои муҳофизатӣ, термосканерҳо, сарпушҳои тиббӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

            Ёдовар мешавем, ки айни ҳол бо маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 661 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 21 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

            Маврид ба зикр аст, ки Бонки осиёии рушд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташиколи Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва бо дигар шарикон дар ҳамкории зич қарор дошта ҷиҳати мубориза бар зидди Коронавируси нав COVID-19 чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *