Home > ХАБАРҲО > Рузи байналмилалии ҳифзи кудакон

Рузи байналмилалии ҳифзи кудакон

Ҳамасола 1 июн дар саросари олам ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Соли 1989 Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷҷати аз ҳама муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак – Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро қабул намуд.

2 сентябри соли 1990 ҳукми амал пайдо кардани Конвенсияи мазкур нуқтаи кулминатсионии ҳамаи он кўшишҳое гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ тӯли қариб 70 сол барои таъмини эътирофи зарурии ниёзҳои махсус ва нозукиҳои махсуси кӯдакон ба ҷо меовард. Инсоният ба қабули ин ҳуҷҷат тадриҷан ва бо роҳи дуру дароз расид. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин конвенсия мавриди амал қарор дорад ва  корҳои зиёде дар ин самт амалӣ мегарданд. Аз ҷумла Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи сиҳатии кӯдаконро дар мадди аваал қарор дода, дар ин рузи фархунда ҳамаи кӯдакони ҷахонро бо Рӯзи байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаашон осмони софу беғубор, хушбахтӣ ва саломатӣ хоҳон аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *