Home > ХАБАРҲО > Вохурии нахустин ҷиҳати дастгирии татбиқи Лоиҳа, мониторинг ва арзёбӣ (CS-02)

Вохурии нахустин ҷиҳати дастгирии татбиқи Лоиҳа, мониторинг ва арзёбӣ (CS-02)

27 июли соли 2020 дар толори Гуруҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии нахустин байни Кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ва ширкати байналмилалии Primex дар чорчубаи Шартномаи дастгирии татбиқи Лоиҳа, мониторинг ва арзёбӣ (CS-02), ки санаи 15 июли соли 2020 байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати байналмилалии Primex ба имзо расонида шудааст, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ, Кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Ширкати байналмилалии Primex ҳузур доштанд.

Вохӯриро Маҳмудзода И.С. менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ифтитоҳ намуда ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босамари Лоиҳа ҳамкасбонро ба фаъолияти пурсамар даъват намуд. Сипас аз ҷониби Элвира Аблаза Директори Ширкати байналмилалии Primex, ба ҳозирин оид ба нақшаҳои корӣ ба фаъолияти минбаъда маълумоти мухтасар дода шуд.

Мутахассисони калидии тарафҳо роҷеъ ба фаъолиятҳои хеш баромад намуда, қайд намуданд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босамари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама чораҳои зарурӣ меандешанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *