Home > ХАБАРҲО > Оғози Мисиияи фосилавии Бонки осиёии рушд ҷиҳати санҷиши маҷмӯии стратегияи шарикӣ дар солҳои 2016-2020

Оғози Мисиияи фосилавии Бонки осиёии рушд ҷиҳати санҷиши маҷмӯии стратегияи шарикӣ дар солҳои 2016-2020

Имрӯз дар толори Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии навбатӣ оид ба миссияи фосилавӣ доир ба санҷиши маҷмӯии стратегияи шарикии Бонки осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2016-2020 доир гардид.

        Дар вохӯри Бандаев И.С. сардори Раёсати ислоҳот, кӯмати аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода И.С. менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бин Нгуен сармутахассиси арзёбии Бонки осиёии рушд, Ма Хуан Димаюга мутахассис оид ба арзёбии Бонки осиёии рушд, Гленни Кастило мутахассис оид ба таҳлил ва арзёбии Бонки осиёии рушд, Габриелла Фератсии мушовири байналмилалӣ ва Фируз Катаев мушовири миллии Бонки осиёии рушд иштирок намуданд.

         Қайд кардан зарур аст, ки миссияи фосилавӣ доир ба санҷиши маҷмӯии стратегияи шарикии Бонки осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2016-2020, ки аз 20 июл то 3 августи соли 2020, аз ҷониби Раёсати арзёбии мустақили Бонки осиёии рушд дар асоси мактуби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатали Саид №22/3-342 аз 9.07.2020 сурат мегирад.

        Дар вохурӣ масъалаҳо вобаста ба сохти нақшаҳо ва назорати (DMF) ва ҳамкории зич бо Бонки осиёии рушд ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босамари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима карда шуданд.        

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни Миссияи навбатии Бонки осиёии рушд муҳокимаҳо хусусан дар самти мушкили бо муборизаи бемории КОВИД-19, дастгириҳои стратегияҳои миллӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд ва мушкилотҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *