Бо мақсади татбиқи саривақтӣ ва босамари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 августи соли 2020 дар толори Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” вохурии нахустин ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани системаи маблағгузорӣ дар асоси табобат дар ноҳияҳои Файзобод ва Рашти тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон доир гардид.
Дар вохурӣ масулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони байналмилалии Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ва Шарикони рушд иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки санаи 3 августи соли 2020 мушовири байналмилалӣ оид ба маблағгузорӣ дар асоси табобат дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа ба фаъолият оғоз намуда қайд намуд, ки ҷиҳати саривақт ва босамар амалӣ намудани фаъолиятҳои Лоиҳа саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.
Дар вохурӣ масъалаҳои зарурӣ ҷиҳати босифат ба роҳ мондани системаи маблағгузорӣ дар асоси табобат, мубодилаи таҷрибаи масулин, самаранок истифода намудани система, дуруст ба роҳ мондани захираҳои кадрӣ ва дигар чораҳои зарурӣ оид ба ворид намудани системаи маблағгузорӣ дар асоси табобат дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа баррасӣ карда шуданд.