Бонки Осиёгии Рушд (БОР) гранти иловагии 2,5 миллион долларро аз “Хазинаи Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба вокуниш ба офатҳои табиӣ” барои дастгирии минбаъдаи вокуниши фаврии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бемории коронавирус (COVID-19) тасдиқ кард.”БОР ҳамаҷониба омода аст ба Тоҷикистон дар коҳиш додани таъсирҳои ногувор ба соҳаи тандурустӣ ва иқтисодӣ, ки аз пандемия сар мезанад, кумак кунад” гуфт Директори кишварии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава. “Гранти мазкур ба Тоҷикистон дар хариди лавозимоти тиббии зарурӣ барои пешгирии COVID-19 тибқи нақшаи миллии вокуниш, кӯмак хоҳад кард. Мо ҳамкории зичро бо ҳукумат ва дигар шарикони рушд идома хоҳем дод, то вокунишҳои ҳамоҳангшуда ва самарабахшро ба роҳ монем.”Гранти мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ мегардад, барои беҳтар намудани қобилияти ташхисӣ ва озмоишӣ истифода мешавад. Грант инчунин, хариди таҷҳизоти тиббӣ ё чорабиниҳои дигарро барои кӯмак расонидан ба ҳукумат дар бартараф кардани камбудиҳои фаврии хеш дар мубориза бар зидди пандемия маблағгузорӣ мекунад.Грант кӯмаки қаблии БОР-ро ба Тоҷикистон, аз ҷумла гранти дастгирии буҷа дар доираи Барномаи вокуниши фаъол ва дастгирии хароҷоти COVID-19 барои кӯмак ба маблағгузории нақшаи ҳамаҷонибаи ҳукумат ва чораҳои зиддибӯҳронӣ, пайгирӣ менамояд; қаблан грант дар ҳаҷми 928.200 доллари ИМА аз хазинаи кӯмаки техникии амалишавандаи минтақавии БОР барои хариди таҷҳизоти ҳимоявии шахсӣ ба кормандони тиб; ва грант дар ҳаҷми 100,000 доллари ИМА аз Лоиҳаи Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои солимии модару кӯдак дар Тоҷикистон барои хариди лавозимоти тиббӣ ҷудо карда шудааст.