11 августи соли 2020 бозбинии фосилавии Бонки осиёии рушд аз Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эико Изава сардори шуъбаи идоракунии лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд, ва иштироки Себел Вонг Мутахассиси хурди Бонки осиёии рушд, Маделин Дизон таҳлилгари хурди Бонки осиёии рушд миссияи навбатӣ оғоз гардид.

Дар рафти миссия, амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳо бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарикони рушд ҷиҳати саривақт ва босамар амалӣ намудани ҳадафҳои Лоиҳа, нақшабандӣ дар доираи Шартномаҳои ба имзо расонидашуда, таҳлили вазъи амалишавии Лоиҳа, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он мавриди баррасӣ хоҳанд шуд.