Home > ХАБАРҲО > Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои дастгирии кӯшишҳои кишвар дар мубориза бо бемории коронавирус (COVID-19) барои кормандони соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон 12 тонна таҷҳизоти муҳофизатии инфиродӣ фиристодааст.

Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои дастгирии кӯшишҳои кишвар дар мубориза бо бемории коронавирус (COVID-19) барои кормандони соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон 12 тонна таҷҳизоти муҳофизатии инфиродӣ фиристодааст.

Таҷҳизоти тиббӣ иборат аз 22000 дона либосҳои муҳофизатии андозаи гуногун; 8000 адад либосҳои изолятсионӣ; ва 175,000 ҷуфт сарпӯшҳои пойафзол аз Камбоҷа омадаанд.

Ин аввалин ҳамлу нақли молест, ки тибқи гранти 928,000 доллари аз ҷониби БОР барои Тоҷикистон дар моҳи июли соли ҷорӣ тасдиқшуда харидорӣ шудааст. Интиқоли дуюм ва сеюм дар моҳҳои сентябр ва октябр дар назар аст.

Грант тавассути кумаки техникии минтақавии БОР маблағгузорӣ карда мешавад ва кумакҳои қаблии БОР-ро дар самти пешгирии COVID-19 дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунад, аз ҷумла, гранти дастгирии буҷет дар доираи барномаи COVID-19 бо маблағи 50 млн доллари ИМА, гранти 2,5 миллион долларӣ ИМА аз Хазинаи вокуниш ба офатҳои табиӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором барои дастгирии минбаъдаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда; ва гранти бо маблағи 100000 доллари ИМА, аз Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модару кӯдак”, барои хариди маводи тиббӣ, тааллуқ дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *