Санаи 22 октябри соли равон дар толори Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” бо мақсади баҳогузории ибтидоии сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ниҳоӣ гузаронида шуд.
Дар ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, Менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Исфандиёр Сафарӣ, ва аъзоёни гуруҳҳои корӣ оид ба баҳогузории ибтидоии сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи Фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа, Файзобод ва Рашти тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон гуруҳҳои корӣ аз мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ аз ҷумла Акушер-гинекологҳо, Неонотологҳо ва духтурони атфол иборат мебошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки мутахассисон пеш аз гузаронидани баҳогузории ибтидоии сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа аз ҷониби Мушовири байналмилалии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ даври омӯзишӣ хоҳанд гузашд. Баҳогузорӣ дар самтҳои баҳогузории системаи ноҳиявии тандурустӣ, воситаи баҳогузории беморхонаи ноҳия, мусоҳиба бо кормандон ва баҳрагирандагон дар беморхонаи ноҳиявӣ, воситаи баҳогузории муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ (КАТС) ва назарсанҷии кормандон ва беморон/парасторон дар муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ (КАТС) гузаронида мешавад.