Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои дастгирии кӯшишҳои кишвар дар мубориза бо бемории коронавирус (COVID-19) барои кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон боз 10,4 тонна лавозимоти худмуҳофизатӣ, таъмин намудааст.
Таҷҳизоти тиббии таъминшуда аз пешдоманҳо, сипарҳо, айнакҳо, ниқобҳои рӯй, сарпӯшҳо, респираторҳо ва дастпӯшакҳои ҷарроҳӣ ва муоина иборатанд. Дар моҳи сентябр БОР ба кишвар 12 тонна либосҳои муҳофизатӣ, ҷомаҳои изолятсионӣ ва сарпӯшҳои пойафзол фиристода буд.
Ин молҳо тибқи гранти 928,000 доллари ИМА, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дар моҳи июл барои Тоҷикистон ҷудо гардида буд, харидорӣ карда шудаанд. Гранти мазкур аз кумаки техникии минтақавии БОР гирифта шудааст ва кӯмакҳои қаблии БОР-ро ба Тоҷикистон барои пешгирии COVID-19, аз ҷумла гранти дастгирии буҷет дар доираи барномаи COVID-19, дар ҳаҷми 50 млн доллари ИМА; гранти 2,5 млн доллари ИМА аз Фонди вокуниши офатҳои табиӣ дар Осиё ва Уқёнуси Ором барои дастгирии минбаъдаи вокуниши ҳолатҳои фавқулодда; ва гранти 100,000 доллари ИМА, ки аз Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модару кӯдак” дар Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, ҳамроҳӣ мекунад.