Санаи 23 октябри соли 2020 дар доираи ҳадафу мақсадҳои Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати муштараки байналмилалии «Societa Italiana di Monitoraggio SpA (Италия)» ва «RPA S.r.l» ва «BARS Consulting Ltd» Шартномаи дутарафа оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва назорати корҳои сохтмонию таҷҳизот (CS05) ба имзо расонида шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки зиёда аз 75% маблағҳои Лоиҳаи мазкур аз корҳои сохтмонӣ иборат буда, мақсади асосии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF)) -и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон ин беҳтаркунии хизматрасонии маҷмӯавӣ дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, аз он ҷумла ноҳияҳои Файзобод ва Рашти ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон буда, тариқи сохтмон ва таъмири беморхонаҳои марказии ноҳияҳо ва марказҳои саломатии ноҳияҳо, таъмин намудани беморхонаҳо ва муассисаҳои КАТС бо таҷҳизотҳо ва мебелҳои тиббӣ, беҳтаркунии банақшагирӣ ва таҳкими иқтидори захираҳои кадрӣ тавассути таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти кадрҳо барои ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи мазкур, аз ҷумла тавассути омӯзиши кормандони КАТС ва беморхонаҳо оид ба ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар марказҳо ва муассисаҳои таълимӣ ва тариқи таҷрибавӣ амалӣ намудани механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат ва баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак бо роҳи чорабиниҳои каммуникатсионӣ мебошад.