Home > ХАБАРҲО > Ҷиҳати гузаронидани баҳогузории ибтидоии сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа гурӯҳҳои корӣ аз даври омӯзишӣ гузаштанд

Ҷиҳати гузаронидани баҳогузории ибтидоии сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа гурӯҳҳои корӣ аз даври омӯзишӣ гузаштанд

Бо мақсади гузаронидани баҳогузории ибтидоии сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ  гурӯҳҳои корӣ иборат аз мутахассисони акушер-гинекологҳо, неонтологҳо ва духтурони атфол аз даври омӯзишӣ гузаштанд.

Даври омӯзишӣ аз 26 октябр то 2 ноябри соли равон дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе доир гардид.

Даври омӯзиширо муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода  ифтитоҳ намуда, доир ба  ҳадаф ва мақсади гузаронидани баҳодиҳии ибтидоии сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳаи  зикршуда суханронӣ намуд.

Дар даври омӯзишӣ Мушовири байналмилалии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Г. ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ва роҳу усулҳои гузаронидани баҳогузории ибтидоии сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии  лоиҳаи мазкур маълумоти муфассал дод.

Бояд гуфт, ки баҳогузорӣ дар самтҳои  системаи ноҳиявии тандурустӣ, воситаи баҳогузории беморхонаи ноҳия, мусоҳиба бо кормандон ва баҳрагирандагон дар беморхонаи ноҳиявӣ, воситаи баҳогузории муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ (КАТС) ва назарсанҷии кормандон ва беморон/парасторон дар муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ (КАТС) гузаронида мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *