Бонки Осиёии Рушд (БОР) бо провайдери пешбари соҳаи тандурустӣ BMJ ҳамкорӣ намуда, як маркази нави иттилоотии Coronavirus (COVID-19) -ро барои мутахассисони соҳаи тандурустӣ, ки бо пандемия мубориза мебаранд, кушод.Сомона ба ҳамшираҳои тиббӣ, табибон ва дигар мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар 49 кишвари узви БОР дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дастрасии ройгон, ва ба осонӣ дастрас намудани дастурҳо, воситаҳои идоракунӣ ва пешгирии COVID-19-ро фароҳам меорад. Ин манбаъҳои марбут дастгирии қарорҳои клиникии BMJ “Дарсҳои беҳтарини омухташуда”, модулҳои таълимии электронӣ, видеоҳо ва буклетҳои иттилоотӣ барои беморони COVID-19-ро, дар бар мегирад. Маркази иттилоотии COVID-19 бо забонҳои англисӣ, мандарин ва русӣ мавҷуд аст ва дар ин ҷо дастрас аст: https://covid-19.bmj.com/Барои маълумоти иловагӣ аз пресс-релизи ҷадид истифода баред.https://www.adb.org/news/adb-partners-bmj-new-covid-19-guidlines-health-workers
Home > ХАБАРҲО > Бонки Осиёии Рушд (БОР) бо провайдери пешбари соҳаи тандурустӣ BMJ ҳамкорӣ намуда, як маркази нави иттилоотии Coronavirus (COVID-19)-ро ифтитоҳ намуданд.