Санаи 20 ноябри соли 2020 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаи навбатии кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Ҷамолиддин Абдуллозода;, Аъзои кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”: Абдуфаттоҳзода Г.А., сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Маҷидӣ Ю.Х., муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; , Насриддинзода Р.Ҳ., муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Назирӣ Л.Қ., муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шерализода Ш.А., муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғаффорзода Нигина., муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳаи мазкур ва як қатор масулини Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Амонзода ифтитоҳ бахшида, оид ба рӯзномаи ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва мақсад аз баррасӣ намудани масъалаҳои баррасишаванда мухтасар иттилоъ дода, таваҷҷӯҳи ҳозиринро оид ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла ноҳияҳои Файзобод ва ноҳияи Рашти тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ҷалб намуд.
Қайд карда шуд, ки тамоми чорабиниҳои амалишаванда дар доираи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”” ва иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” зикр гардидаанд” ба роҳ монда шудаанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа Зулфия Абдусаматзода муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалисозии лоиҳаи мазкур баромад намуд.
Мавриди зикр аст, ки новобаста аз он, дар миқёси Ҷаҳон пандемияи Covid -19 рафта истодааст, то имрӯз амалигардонии лоиҳа ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Амонзода ба аъзои кумита, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босамари лоиҳа саҳми арзандаи худро гузоранд.
Сипас, аз ҷониби менеҷери Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Маҳмудзода И.С, оид ба амалисозии лоиҳа аз рӯи қисматҳои он ба ҳозирин маълумот пешниҳод карда шуд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа миёни иштирокчиён мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳозирин оид ба фаъолияти лоиҳа фикру андешаи худро баён намуданд.
Бо назардошти муҳокимаи масъалаҳо, таклифҳои пешниҳодгардида ва муҳимияти онҳо ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” қарор қабул намуда, Нақшаи корӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар соли 2021 барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.