Home > ХАБАРҲО > Кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ омӯзиши гендерӣ гузаштанд.

Кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ омӯзиши гендерӣ гузаштанд.

Бо мақсади татбиқи саривақтӣ ва босамари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 2020, даври омӯзишӣ барои иҷрои натиҷаи миёнамӯҳлати 4 Лоиҳа – Идоракунии Лоиҳа, бо назардошти Нақшаи амалигардонии гендерии Лоиҳа, қисмати 4.1.1. “Гузаронидани омӯзиш оид ба баланд бардоштани иқтидори кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи гендер” баргузор гардид.

Дар даври омӯзишӣ кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”, “Маркази миллии солимии репродуктивӣ”, “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” ва Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” иштирок намуданд

Даври омӯзиширо Бобохоҷаева Масуда, мутахассис оид ба гендер ва ҳифзи иҷтимоии Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи мазкур, ифтитоҳ намуда, ба иштирокчиёни чорабинӣ оид ба паҳлӯҳои гуногуни баробарҳуқуқии гендерӣ, санадҳои меёрии ҳуқуқӣ оид ба гендер дар Ҷумҳурии Тоиҷикистон, зӯроварии гендерӣ, сиёсати Бонки осиёии рушд барои расидан ба баробарии гендерӣ, нишондодҳои демографӣ оид ба фавти модарон ва кӯдакон, монеаҳои дастрасии занон барои гирифтани хизматрасонии тиббӣ, оиди шумораи аҳолӣ бо тақсимоти мардону занон, духтарону писарон, ҷанбаҳои ворид намудани гендер ба системаи тандурустӣ ва Нақшаи амалигардонии гендерии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби иштирокчиён муҳокимарониҳои судманд сурат гирифтанд.

Дар анҷоми даври омӯзишӣ ба иштирокчиён анкетаҳо барои санҷиши дониши баъдитестӣ тақсим карда шуда, маълум гардид, ки дониши мутахассисон оид ба гендер баланд шуда, сатҳи дониши баъдитестӣ ба 98% баробар шуд.  

Бояд қайд кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо ва  даврҳои омӯзишӣ баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳанд кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *