Home > ХАБАРҲО > Вохурӣ оид ба воридсозии механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа

Вохурӣ оид ба воридсозии механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа

Ҳифзи сиҳатии мардум, ба роҳ мондани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба хусус дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак имрӯзҳо Барномаҳои мухталифи давлатӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мешаванд. Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз онҳост, ки баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон равона карда шудааст. 

Бо мақсади татбиқи саривақтии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” вохурии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғ.М., бо мушовири байналмилалии Лоиҳа Самвел Х., ва Менеҷери Лоиҳа Маҳмудзода И.С., дар самти воридсозии механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа (Рашт, Файзобод, Шамсиддин Шоҳин) доир гардид.

Зимни вохурӣ усулҳои асосии воридсозии механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Методологияи ҳисоби буҷа, асоси принсипҳои маблағгузорӣ дар асоси табобат, ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ, ва дигар масъалаҳо баррасӣ карда шуданд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *