16 марти соли равон дар меҳмонхонаи Атласи шаҳри Душанбе оид ба Воридсозии механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғ.М., менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, Маҳмудзода И.С., Мушовири байналмилалии Лоиҳа оид ба маблағгузорӣ дар асоси табобат Самвел Х., кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа (Рашт, Файзобод, Шамсиддин Шоҳин), ва кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи мазкур иштирок намуданд.

Ҷаласаро Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда ба ҳозирин вобаста ба амалишавии ҳадафҳои асосии Лоиҳа ва самтҳои фаъолияти он маълумот дода қайд намуд, ки муҳимияти ба роҳ мондани механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат ва ҷиҳати ба таври зарурӣ омода намудани системаи электронӣ таваҷҷӯҳи хоса бояд дод.
Сипас аз ҷониби Самвел Харазян, мушовири байналмилалии Лоиҳаи мазкур оид ба маблағгузорӣ дар асоси табобат, вобаста ба усулҳои асосии воридсозии механизми маблағгузорӣ дар асоси табобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Методологияи ҳисоби буҷа, асоси принсипҳои маблағгузорӣ дар асоси табобат ва равишҳои нави маблағгузорӣ дар Ёрии статсионарӣ маълумоти кофӣ дода шуд.

Муродилло Латипов, мушовири байналмилалӣ оид ба технологияҳои информатсионӣ вобаста ба нозукиҳои системаи информатсионии маблағгузорӣ дар асоси табобат маълумот дод.
Ҳафизов Саидали Амонович, муовини сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ оиди ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ маъруза намуда, пас Эгамов Фаррух, мутахассис оид ба тандурустии Гуруҳи экспертии байниидоравӣ оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ, оид ба ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Вилояти Суғд маълумоти кофӣ дода шуд.
