Имрӯз кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки имрӯзҳо маъракаи ваксинагузаронӣ бар зидди бемории COVID-19 миёни кормандони соҳаи тандурустӣ бомаром идома дорад.

Бояд гуфт, ки 8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби механизми Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (COVAX) қисми якуми ваксина дар ҳаҷми 192 000 интиқол дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки бақияи ваксинаҳо ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
Тибқи нақша, нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони маориф ва илм, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 боло ва нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта мешаванд.