Home > ХАБАРҲО > Даври омӯзишӣ оиди баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва такмили назорати дастгирикунанда

Даври омӯзишӣ оиди баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва такмили назорати дастгирикунанда

Бо мақсади татбиқи саривақтӣ ва босамари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд- 0627 –TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои иҷрои натиҷаи миёнамӯҳлати 1.3. – мунтазам баланд бардоштани сифат, дар Меҳмонхонаи “Серена” даври омӯзишӣ оиди баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва такмили назорати дастгирикунанда баргузор гардид

    Даври омӯзиширо Аминов О.Т., сардори шуъбаи ҳифзи саломатии кудакону наврасон ва рушди малакаи волидайни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда оиди мақсади чорабинии мазкур ва интизориҳои он маълумот дод.      

Қайд кардан зарур аст, ки даври омӯзишӣ бо иштироки тренер-мушовири байналмиллалии Хазинаи кудаконаи Созмони миллали муттаҳид (Юнисеф) Т.Готсадзе сурат гирифта, аз ҷониби он оиди мақсад ва интизориҳои даврӣ омузишӣ мухтасар маълумот дода шуд.

Баъд аз шиносоӣ бо иштирокчиёни даври омузишӣ дониши пешакии онҳо санҷида шуд, ки 48%-ро  ташкил дод.

 Дар давоми 3 руз тренер дар мавзӯҳои: “Сифат ва малакаҳои назорати дастгирикунанда, такмили муттасили сифат, оиди натиҷаҳои баҳогузории ибтидоии сифати хизматрасониҳои тиббӣ, ки дар моҳи ноябри соли 2020 дар ноҳияҳои пилотӣ гузаронида буданд, гуфта  гузашт. Дар давоми омӯзиш гуруҳҳо оид ба татбиқи назорати дастгирикунанда ва нақшаи он дидан намуда баҳсу мунозираҳои зиёд намуданд.

   Дар даври омузишӣ сарпарасторони ноҳияҳои пилотӣ (н. Файзобод, н. Рашт, н. Шамсиддин Шоҳин) оид ба ҳифзи саломатии модару кудак сартабибони беморхонаи марказӣ, мудирони шуъбаҳои таваллуд, навзодон ва кудаконаи БМН, ҳамаги 30 нафар  фаъолона иштирок намуданд.

Дар охир аз ҷониби ноҳияҳои пилотӣ нақшаҳо оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ таҳия гардида, пешкаш карда шуд ва аз ҷониби мушовири байналмилалӣ тавсияҳои зарурӣ дода шуд.

   Дар охир, сатҳи дониши баъдитестӣ гузаронида шуд, ки 96 %-ро  ташкил дод.    

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *