Таи рузҳои 6-9 апрели соли 2021 дар “Кохи Суруш” дар доираи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зернатиҷаи 3.1 “Баланд бардоштани зарфияти Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим (МҶТҲС) ва тақвияти шарикиҳо”, даври омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, МД “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” ва МД “Маркази миллии солимии репродуктивӣ”, бо иштироки тренер-мушовири байналмиллалии Хазинаи кудаконаи Созмони миллали муттаҳид (Юнисеф) Дипак Мехра доир гардид.

Дар даври омӯзишӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, МД “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ”, МД “Маркази миллии солимии репродуктивӣ” кормандони Хазинаи кудаконаи Созмони миллали муттаҳид (Юнисеф) ва масулини Лоиҳа иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро Аминов Обидҷон, сардори шуъбаи ҳифзи саломатии кудакону наврасон ва рушди малакаи волидайни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, ба ҳозирин вобаста ба ҳадафҳои асосии Лоиҳа ва самтҳои фаъолияти он иброз намуда, оиди мақсади чорабинии мазкур ва интизориҳои он маълумот дод.
Дар кори даври омӯзишӣ аз ҷониби тренер-мушовири байналмиллалӣ Дипак Мехра оид ба Муоширати ивази рафтори иҷтимоӣ, Нақшабандӣ, истифодаи маълумотҳо барои қабули қарорҳо, арзёбӣ ва баҳодиҳӣ, тарғибот ва таҳияи сиёсатгузорӣ маълумотҳои муфассал пешниҳод гардид.

Инчунин Малоҳат Шабанова мутахассис оид ба ғизои Хазинаи кудаконаи Созмони миллали муттаҳид (Юнисеф) оид ба 1000 рузи аввали ҳаёти кудак маълумот пешниҳод намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар чорабинии мазкур иштирокчиён ба гуруҳҳои корӣ тақсим шуда фаъолона дар кори кори чорабини вусъат бахшидан ва аз ҷониби масулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сертификат мукофонида шуданд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ва даврҳои омӯзишӣ баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва такмили ихтисоси кормандони соҳа мусоидат хоҳанд кард.
