Home > ХАБАРҲО > Оғози Миссияи навбатии Бонки осиёии рушд

Оғози Миссияи навбатии Бонки осиёии рушд

19 апрели соли 2021 Миссияи фосилавии Бонки осиёии рушд аз Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Себел Вонг Роҳбари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз ҷониби Бонки осиёии рушд ва иштироки Маделин Дизон таҳлилгари хурди Бонки осиёии рушд бо иштироки Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (Юнисеф), Ширкати байналмилалии консалтинги оид ба дастгирии татбиқи Лоиҳа, мониторинг ва арзёбӣ, Мушовирони байналмилалӣ ва миллии Лоиҳа ва Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа оғоз гардид.

    Дар рафти миссия, амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳои фосилавӣ бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарикони рушд ҷиҳати саривақт ва босамар амалӣ намудани ҳадафҳои Лоиҳа, нақшабандӣ дар доираи Шартномаҳои ба имзо расонидашуда, таҳлили вазъи амалишавии Лоиҳа, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ва инчунин Нақша-чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 мавриди баррасӣ хоҳанд шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *