Директори БОР дар Тоҷикистон Шанни Кэмпбелл ва муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Шараф Шерализода ҷаласаи ҷамъбастии баррасии солонаи портфели кишварро, ки 20 апрел баргузор гардид, роҳбарӣ намуданд. Гурӯҳҳои лоиҳавии БОР ва масъулини вазоратҳо, агентиҳои иҷроия ва воҳидҳои татбиқи лоиҳаҳо натиҷаҳои соли 2020-ро муарифӣ намуда, амалҳо барои расидан ба ҳадафҳои 2021-ро муҳокима карданд.
Дар ҷаласа инчунин, масъалаҳое, ки ба татбиқи лоиҳа таъсир мерасонанд, таъкид карда шуданд. Портфоли фаъоли БОР дар # Тоҷикистон дар соли 2020 18 лоиҳаро дар бар мегирад, ки 960 миллион долларро ташкил медиҳанд, ва 91% -и онҳо аз ҳисоби грантҳо маблағгузорӣ мегардад. Соҳаҳои нақлиёт ва энергетика дар соли гузашта бузургтарин гирандагони маблағгузории БОР боқӣ мондаанд, ки мутаносибан 35,9% ва 34,4% -ро ташкил медиҳанд. БОР инчунин ташаббускориҳои кишоварзӣ, захираҳои табиӣ, рушди деҳот, об ва дигар инфрасохтору хидматрасонии шаҳрӣ, тандурустӣ, маориф ва молияро дар чаҳорчубаи маблағузориҳои хеш, фаро гирифтааст. Боз 9 гранти кумаки техникӣ ба маблағи 6,9 миллион доллар дар рафти баррасӣ қаор дорад.