Home > Бе рубрика > 1 июн дар ҷаҳон 71-умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

1 июн дар ҷаҳон 71-умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

1 июн дар ҷаҳон 71-умин солгарди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо қарори Анҷумани Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил гардида буд.

СММ ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳифзи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон кард.

Ҳадафи асосии Рӯзи байналмилии ҳифзи кӯдакон ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба мушкилоти воқеии кӯдакон мебошад. Ҳамсола 1 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  Рӯзи ҳифзи кӯдакон таҷлил гардида, ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар мамлакат пайваста чораандешӣ карда мешавад.

Ногуфта намонад, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон парчами худашро дорад. Дар пасманзари сабз, ки рамзи рушд, ҳамоҳангӣ, тароват ва ҳосилхезиро нишон медиҳад, дар атрофи аломати Замин  шаклҳои услубии сурх, зард, кабуд, сафед ва сиёҳ ҷойгир карда шудааст. Ин шаклҳои одамон нишонаи  гуногунӣ ва таҳаммулпазириро мебошад. Рамзи Замин, ки дар марказ гузошта шудааст, аз хонаи умумии одамон дарак медиҳад. Ин шаҳодати он аст, ки одамон дар рӯи Замин дар фазои сулҳу субот ҳаёти осоишта ба сар бурда, фарзандони солимро барои ояндаи миллат дар рӯи ҷаҳон тарбия намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *