Home > Бе рубрика > Кумаки Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар ҳаҷми 25 миллион доллар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хариди ваксинаҳои COVID-19

Кумаки Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар ҳаҷми 25 миллион доллар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хариди ваксинаҳои COVID-19

Бонки Осиёии Рушд (БОР) кумаки хешро дар ҳаҷми 25 миллион доллар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хариди ваксинаҳои COVID-19 ва тақвияти тавонмандии кишвар дар иҷрои барномаи эмгузаронӣ тасдиқ кард. “Ваксинаҳои COVID-19 ҳаётро наҷот медиҳанд ва барои тезонидани барқарорсозии иқтисодиёт дар Тоҷикистон ва дигар ҷойҳо ҳаётан муҳим мебошанд” гуфт президенти БОР Масатсугу Асакава. “Тавассути ин лоиҳа ва ҳамкории зич бо шарикони рушд дар Тоҷикистон, БОР бори дигар тасмим мегирад, ки ба кишвар дар рафъи пандемия ва барқарорсозии иқтисоди кишвар дар зудтарин фурсат кумак кунад.” https://www.adb.org/news/25-million-adb-grant-procure-covid-19-vaccines-tajikistan Лутфан тамоми маводро дар пресс-релизи замимашуда хонед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *