Home > ХАБАРҲО > ДАВРҲОИ ОМӮЗИШӢ, ТАҲҚИҚОТ ВА МУҲОКИМАИ НАТИҶАҲОИ ПЕШАКИИ БАРНОМАИ НАЗОРАТИ СИРОЯТӢ ВА ИДОРАКУНИИ ПАРТОВҲОИ ТИББӢ ВА ҚАДАМҲОИ ОЯНДА

ДАВРҲОИ ОМӮЗИШӢ, ТАҲҚИҚОТ ВА МУҲОКИМАИ НАТИҶАҲОИ ПЕШАКИИ БАРНОМАИ НАЗОРАТИ СИРОЯТӢ ВА ИДОРАКУНИИ ПАРТОВҲОИ ТИББӢ ВА ҚАДАМҲОИ ОЯНДА

Бо мақсади самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои сармоягузорӣ дар самти беҳтаркунии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №1169 “Дар бораи Лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд” амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзободи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон амалисозии Лоиҳа оғоз гардидааст. Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627 – TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 марти соли 2019, №1300 тасдиқ гардида, 29 марти соли 2019, №5-5-360 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, аз ҳамин рӯз эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудааст.

Мувофиқи Дастурамали амалисозӣ лоиҳа барои ба даст овардани натиҷаҳои зерин нигаронида шудааст:

Натиҷаи 1: Беҳтар намудани хизматрасонии ҳамгироишудаи босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавӣ.

Натиҷаи 2. Такмил ва беҳтаркунии зерсохтор ва таҷҳизот дар самти ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавӣ.

Натиҷаи 3. Баланд бардоштани сатҳи дониш дар самти саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигаҳдории саломатӣ нигаронидашуда.

Дар ноҳияи Файзобод таъмиру таҷдиди Шуъбаи таваллуд ва амрози занона, Шуъбаи кӯдакона ва сохтмони бинои ташхису табобатӣ, дар ноҳияи Ш.Шоҳин сохтмони Беморхонаи марказии ноҳиявӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ ва дар ноҳияи Ш.Шоҳин сохтмони Беморхонаи марказии ноҳиявӣ ва Маркази саломатии ноҳиявӣ дар назар дошта шудааст, ки сохтмони онҳо дар семоҳаи аввали соли 2022 оғоз мегардад.

Корҳои сохтмонӣ дар чаҳорчӯбаи натиҷаи 2 пешбинӣ гардидаанд.

 Мувофиқи нақшаи амалигардонии лоиҳа барои ба даст овардани натиҷаи 1 дар боби 1.3 “Институтсионализатсияи такмили мунтазами сифат” зербоби 1.3.5 Беҳсозии таҷрибаҳои назорати сироятӣ чунин барнома пешбинӣ гардидааст:

  •  – тағйир додани сиёсат ва нақшаи назорати сироятӣ;
  •  – рушди барномаи таълимӣ ва маводҳои дарсҳои омӯзишӣ;
  • – омӯзиши мураббиён дар масъалаи назорати сироят дар сатҳи миллӣ ва ноҳиявӣ;

     – пайгирӣ ва мониторинги назорати сироятӣ.

Мувофиқи зербоби 1.3.6 “Такмили таҷрибаи партовҳои тиббӣ” пешбинӣ гардидааст:

    – Таҳлили сиёсати коркарди партов;

     – Таҳияи дастурамали амалиётӣ (тартиботи амалиёти стандартӣ – ТАС);

  •  –Таҳияи барномаи омӯзиши тренерон (омӯзгорон) доир ба коркарди партовҳо;
  • – Омӯзиш барои назоратчиён.
  • Дар асоси Қарордоди № MONSPP/RFP/CS06 аз 25.10.2019 байни ЮНИСЕФ ва ВТҲИА Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то 30 ноябри 2024 идома меёбад барои ба даст овардани натиҷаи боби 1.3 айни ҳол корҳо ҷараён доранд.

25.02.2021 Дар асоси Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон №166 аз 22.02.2021 “Дар бораи гузаронидани даври омӯзишӣ ва таҳқиқот оид ба пешгирӣ ва назорати сироятӣ ва идоракунии партовҳои тиббӣ” ва нақшаи кории Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи (ГТЛ) “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (Гранти Бонки осиёии рушд -0627-TAJ (SF) – назди  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ЮНИСЕФ дар кохи “Суруш” – шаҳри Душанбе даври якрӯзаи омӯзишӣ оид ба баҳодиҳии назорати сироят ва идоракунии партовҳои тиббӣ дар сатҳи муассисаҳои тиббии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (Шамсиддин Шоҳин, Рашт ва Файзобод) баргузор гардид, ки мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирифт:1) мақсад ва вазифаҳои баҳодиҳӣ дар сатҳи муассисаҳои тиббии ноҳияҳои таҷрибавӣ; 2) асосҳои назорати сироятӣ дар муассисаҳои тиббӣ (мисол, Фармони ВТҲИА ҶТ №1119 аз 27 декабри 2014); 3) ҳашт қисмати назорати сироятӣ дар асоси Дастурамали Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ; 4) панҷ қадамҳое, ки ба ҷорӣ намудани назорати сироятӣ мусоидат менамоянд; 5) ҳадди ақалли талабот ба назорати сироятӣ ва идоракунии партовҳо (ТУТ); 6) шиносоӣ ба асбобҳои баҳодиҳӣ (IPCAF, CDC KATC, WASH-fit);  7) равиши КӢ? ЧАРО? КАЙ? КӢ? ва ЧӢ ТАВР?

 Омӯзишро мушовири мустақили байналмилалӣ доктор Джордж Ренгел аз Олмон ва мушовири миллӣ С. Қурбонов ба таври фосилавӣ гузарониданд. Дар он намояндагони МД “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон”, МД “Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона”, муовинони менеҷерҳои КАТС – ҳои ноҳияҳои таҷрибавии Ш.Шоҳин, Файзобод ва  Рашт, мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ВТҲИА, муҳандиси сохтмон ва мутахассиси ҳифзи муҳити зисти ГТЛ даъват шуда буданд ва иштирок намуданд. Мушовирон равиши таҳқиқотро дар асоси Воситаҳо дида баромаданд ва фаҳмонданд. Воситаи 1: Баҳодиҳии системаи ноҳиявии тандурустӣ. Мусоҳибаҳо бо роҳбарони муассисаҳои тиббӣ; Воситаи 2: Баҳодиҳии чорабиниҳо оид ба пешгирии сироят ва назорати сироятӣ дар сатҳи муассисаҳо ва  Воситаи 3: Баҳодииҳии барномаи пешгирии сироят ва назорати сироятӣ (ПСНС) дар сатҳи миллӣ. Қайд гардид, ки барномаи раванди таҳқиқот дар маҳалҳо вориди планшет гардонида шудааст. Мувофиқи боби 6-и Фармоиш гузаронидани таҳқиқоти мазкур ба зиммаи МД “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” вогузор гардид. 04.05.2021 мушовири байналмилалии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ хонум Джойрин (Joyrinе), мушовири маҳаллии ЮНИСЕФ С. Қурбонов ва мутахассиси ҳифзи муҳити зисти ГТЛ барои иштирокчиёни гурӯҳи ВТҲИА оид ба гузаронидани баҳодиҳӣ ва назорати сироятӣ ва идоракунии партовҳои тиббӣ дар маҷлисгоҳи МД “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” дарси омӯзишӣ гузарониданд.. Шиносоӣ бо мавзӯи зикргардида дар семинари якрӯза 31.05.2021 низ бо ширкат  ва суханронии хонум Ҷойрин идома ёфт.

Дар асоси Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” таҳти №546 аз 22.06.2021 ҷиҳати тибқи нақшаи кории Гурӯҳи татбиқи лоиҳа ва Намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон вохӯриҳои даври муҳокимаи натиҷаҳои пешакии барномаи назорати сироятӣ ва идоракунии партовҳои тиббӣ ва қадамҳои оянда 24 июни соли 2021 дар ноҳияи Файзобод, 25 июни соли 2021 дар ноҳияи Ш.Шоҳин ва 29 июни соли 2021 дар  Рашт баргузор гардиданд.

 Даври омӯзишӣ ва таҳқиқоти баҳогузорӣ оид ба пешгирӣ ва назорати сироятӣ ва идоракунии партовҳои тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла Шамсиддин Шоҳин, Рашт ва Файзобод мувофиқи Фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 28.05.2021 № 464 аз 1 то 10 июни соли ҷорӣ аз тарафи мутахассисони марбутаи ВТҲИА дар ноҳияҳои таҷрибавӣ гузаронида шуда буданд. Дар вохӯриҳои даври муҳокимаи натиҷаҳои пешакии барномаи назорати сироятӣ ва идоракунии партовҳои тиббӣ ва қадамҳои оянда (кумита оид ба назорати сироят ва идоракунии партовҳо, узвият, нақшаи кор), ки дар маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод, дар толори меҳмонхонаи маркази ноҳияи Ш. Шоҳин ва дар толори меҳмонхонаи “Соҳили Сурхоб”- и шаҳраки Ғарми маркази ноҳияи Рашт баргузор гардиданд, муовинони сартабибон оид ба саломатии модар ва кӯдак, сардорони шӯъбаҳои қабулгоҳ, ҷарроҳӣ, таваллуд, кӯдакон, сироятӣ ва озмоишгоҳӣ, ҳамшираҳои калони тиббии беморхонаҳои марказӣ, масъулини идоракунии партовҳо, 2 намояндаи КАТС ва эпидемиологи МНДСЭ-и ноҳияҳо иштирок доштанд. Вохӯриҳоро мутахассис оид ба саломатии модар ва кӯдаки UNICEF Шаҳло Шакарова оғоз бахшида, мушовири маҳаллии UNICEF, мутахассиси собиқадори соҳаи тандурустӣ Собир Қурбонов иштироккунандагонро  ба натиҷаҳои пешакии барномаи назорати сироятӣ ва идоракунии партовҳои тиббӣ ва қадамҳои оянда шинос намуд ва бо ҳозирин мавриди муҳокима қарор дод. Ба онҳо тарзи тартиб додани ҳуҷҷатҳо оид ба амалиётҳои стандартӣ барои назорати сироятӣ ва дуруст идора намудани партовҳои тиббӣ фаҳмонда дода шуд. Мутахассиси ҳифзи муҳити зисти ГТЛ Хайруллои Раҷабиён ба саволҳои иштирокчиён оид ба масъалаи идоракунии партовҳои тиббӣ посухҳои қаноатбахш дод.

Вохӯриҳо дар сатҳи баланд ва бо иштироки фаъолонаи ҳозирин бо баҳсу мунозираи самарабахш ба анҷом расиданд.

 Бо назардошти беҳтарсозии кор дар ин самт ГТЛ ва Намояндагии UNICEF дар Тоҷикистон тавассути ҳамкорӣ бо ТУТ дар моҳҳои минбаъда дарсҳои омӯзишӣ барои кормандони тиббии муассисаҳои соҳаи тандурустиро мегузаронад.  

Сурати 1. Дарси омӯзишӣ дар мавзӯӣ “Барномаи омӯзиш оид ба баҳодиҳии назорати сироят ва идоракунии партовҳо дар сатҳи се ноҳияи таҷрибавии лоиҳа”, ки дар он муҳандиси сохтмон ва мутахассиси ҳифзи муҳити зисти ГТЛ, сардорони шуъбаҳои МД “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” ва “Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона”, сармутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ (ХНДСЭ), Муовинони менеҷерҳои КАТСҳо ва эпидемиологи ноҳияҳои таҷрибавӣ иштирок доштанд. Дарси омӯзиширо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар асоси қарордод бо ВТҲИА ҶТ 25,02.2021 дар ш. Душабе гузарониданд.

Сурати 2. Машваратчии байналмилалии ТУТ хонум Ҷойрин, машваратчии Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон С.Қурбонов ва мутахассиси ҳифзимуҳити зисти ГТЛ барои гурӯҳи таҳқиқотии ВТҲИА ҶТ дарси омӯзишӣ оид ба гузаронидани баҳодиҳии назорати сироят ва идоракунии партовҳоар сатҳи муассисаҳои тибби ноҳияҳои таҷрибавӣгузарониданд (04.05.2021).

      Сурати 3. Вохӯрӣ доир ба гузаронидани Даври муҳокимаи натиҷаҳои пешакии барномаи назорати сироятӣ ва идоракунии партовҳои тиббӣ ва қадамҳои оянда дар толори маҷлиси Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод баргузор гардид (24.06.2021).

Сурати 4. Баргузории вохӯрӣ доир ба гузаронидани Даври муҳокимаи натиҷаҳои пешакии барномаи назорати сироятӣ ва идоракунии партовҳои тиббӣ ва қадамҳои оянда дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи маркази ноҳияи Ш. Шоҳин (25.06.2021).

       Сурати 5. Вохӯрӣ доир ба гузаронидани Даври муҳокимаи натиҷаҳои пешакии барномаи назорати сироятӣ ва идоракунии партовҳои тиббӣ ва қадамҳои оянда дар толори меҳмонхонаи “Соҳили Сурхоб”-и маркази ноҳияи Рашт баргузор гардид (29.06.2021).

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *