Home > ХАБАРҲО > Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва машваратӣ оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак ва солимии репродуктивӣ баргузор гардид.

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва машваратӣ оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак ва солимии репродуктивӣ баргузор гардид.

3 сентябри соли 2021 дар толори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва машваратӣ оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак ва солимии репродуктивӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Абдусаматзода З. муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масулини Гуруҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кормандони Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид “Юнисеф” ва дигар шарикони рушд иштирок намудаанд.

Ҷаласаро Абдусаматзода З. муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда ба ҳозирин оид ба масъалаҳои баррасишаванда мухтасар иттилоъ дода, таваҷҷӯҳи ҳозиринро оид ба чораҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон ва ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон маълумот дод.

Аз ҷониби Шаҳло Ш. Мутахассиси Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид “Юнисеф”, вобаста ба иҷроиши натиҷаи миёнамӯҳлати 1 “Беҳтар намудани таъминоти ҳамаҷонибаи сифати хизматрасонӣ оид ба ҳифзи Саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа ва натиҷаи миёнамӯҳлати 3 “Баланд бардоштани дониш дар самти саломатии модару кӯдак ба воситаи фаъолиятҳои мухталифи коммуникатсионӣ”-и  Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Шоев А. Муҳандиси Гуруҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Ратсионализатсия ва такмили инфрасохтор барои хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон маълумот дод.

Қайд кардан зарур аст, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Гуруҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” Сипоснома супорида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *