Home > ХАБАРҲО > ОМӮЗИШ ОИД БА ПЕШНИҲОД ВА ҶОРӢ НАМУДАНИ ФЕҲРИСТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР РАВОНАСОЗИИ ПЕРИНАТАЛӢ

ОМӮЗИШ ОИД БА ПЕШНИҲОД ВА ҶОРӢ НАМУДАНИ ФЕҲРИСТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР РАВОНАСОЗИИ ПЕРИНАТАЛӢ

Аз 15 то 18 сентябри соли 2021 дар доираи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври омӯзишӣ оид ба пешниҳод ва ҷорӣ намудани феҳристи электронӣ дар равонасозии перинаталӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа баргузор гардид.  

Дар даври омӯзишӣ Набиев З.Н. сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила: Сафарова Г. директори Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ: Е.Филатова, мушовири байнадмилалии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид “Юнисеф”: масулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ва шарикон иштирок намуданд.

Мақсади асосии даври омӯзишӣ ин омода намудани гурӯҳи тренерон барои ҷори намудани феҳристи электронӣ дар доираи  низоми равонасозӣ дар самти саломатии модар ва кудак дар се ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа: Файзобод, Шамсиддин Шоҳин ва Рашт ташкил дод.

Дар чорабинӣ омӯзиш оиди кори амалӣ бо феҳристи электронӣ ва замимаи мобилӣ барои ворид кардани маълумот оиди равонасози дар самти саломатии модар (давраи перинаталӣ) ва кудак дар асоси стандартҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ки ба шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ шуда аст ва омӯзиш оид ба мониторинг ва дастгирии амали гардонидани механизми инноватсионии низоми равонасозӣ гузаронида шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *