Home > ХАБАРҲО > Даври омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак ва сарпарастии дастгирикунанда

Даври омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак ва сарпарастии дастгирикунанда

Таи рузҳои 14-22 октябри соли 2021,дар доираи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври омузишӣ оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак ва сарпарастии дастгирикунанда дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа баргузор гардид.

Дар даври омӯзишӣ Набиев З.Н.- сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оила , Олимов Д.А. –  муовини  сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кулобиева Рано – мудири шуъбаи иттилоот ва робита ба ВАО-и Маркази миллии солимии репродуктивӣ, Шабонов Р.З. –  мудири шуъбаи модару кӯдак  МД МТ “ Истиқлол”, Кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, мутахассисони шабакаи муассисаҳои КАТС ва сатҳи статсионарии ноҳияҳои таҷрибавӣ иштирок намуданд.

Дар рафти даври омузишӣ презентатсияҳо  ба шунавандагон оиди мафҳуми роҳбарӣ, малакаҳои сарпарастии дастгиркунанда ва  устодӣ  иваз намудани рафтор, чи гуна  суханронӣ, гушкунӣ, фаҳмондадиҳӣ бо забони соддаю фаҳмо, тарзи назорати доимӣ фаҳмонда шуд. Инчунин, тарзи дурусти коргузорӣ, банақшагирӣ ва диққати шунавандагон оид ба дарёфти мушкилиҳо ва роҳҳои  ҳалли онҳо ҷалб карда шуд. Дар доираи модули 1,2,3,4  оид ба сарпарастии дастгиркунанда, мафҳуми устодӣ ва модули 5 Такмили муттасилии сифат, таъсиси Кумита оид ба сифат дар муассисаҳо ва таҳияи нақшаи бењтарсозии сифати хизматрасонии тиббї дар муассисаҳо маълумот дода шуданд.

  Дар охир аз ҷониби иштирокчиёни даври омӯзишӣ барои баланд бардоштан сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ нақшаи корӣ тартиб дода шуд ва дар давоми соли оянда аз рӯи нақшаи тасдиқгардида кору фаъолият хоҳанд бурд. 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *