Home > Бе рубрика > Оғози Миссияи фосилавии Бонки осиёии рушд

Оғози Миссияи фосилавии Бонки осиёии рушд

17 ноябри соли 2021 Миссияи фосилавии Бонки осиёии рушд аз Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Себел Вонг Роҳбари Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аз ҷониби Бонки осиёии рушд ва иштироки Азиз Ҳайдаров сардори бахши идоракунии Лоиҳаҳо, Маделин Дизон таҳлилгари хурди Бонки осиёии рушд, Ганҷина Фозилова ёвари хурди бахши идоракунии Лоиҳаҳо ва Фируза Додомирзоева ёвари калони бахши идоракунии Лоиҳаҳои Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар аввал вохурии Муҳсинзода Ғ.М. Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Миссия ва кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” ҷиҳати Рӯзнома, мақсад ва ҳадафҳои Миссияи фосилавии Бонки осиёии рушд музокираҳо баргузор гардид.

Қайд карда шуд, ки дар рафти миссия, амалишавии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳои фосилавӣ бо масулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарикони рушд ҷиҳати саривақт ва босамар амалӣ намудани ҳадафҳои Лоиҳа, нақшабандӣ дар доираи Шартномаҳои ба имзо расонидашуда, таҳлили вазъи амалишавии Лоиҳа, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он ва инчунин Нақша-чорабиниҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ хоҳанд шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *