Home > ХАБАРҲО > Таҳсилоти мутаасили тиббии мутахассисони ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа

Таҳсилоти мутаасили тиббии мутахассисони ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа

 Дар доираи ҳадафҳои Лоиҳаи “Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои зернатиҷаи 1.1 Банақшагирӣ ва баланд бардоштани зарфияти кормандони соҳаи тандурустӣ  дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид “Юнисеф” Таҳсилоти муттасили тиббии мутахассисони ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа баргузор гардид.

Бо мақсади амалисозии татбиқи усулҳои таҳсилоти муттасили тиббӣ ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тиббии муасиссаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” модулҳои таълимӣ бо мавзӯъҳое, ки дар асоси дарёфтҳои арзёбии сифати хизматрасонии тиббӣ муайяншуда маълумот дода шуд. Аз санаи 10. 01.2022 сол дар кафедраҳои сиҳатии ҷомеа, иқтисод ва идороти тандурустӣ бо курси омори тиббӣ, акушерӣ-гинекологии №1 ва 2 дарсҳои таълимӣ ва амалӣ бо иштироки менеҷерони ноҳияҳои таҷрибавӣ 12 нафар, духтурони акушер-гинекологҳо 5 нафар ва момодояҳо 8 нафар дар мавзӯҳои: “Масъалаҳои мубрами идоракунии муассисаҳои тандурустӣ, демографияи тиббӣ ва ҳифзи солимии модару кӯдак”, “Масъалаҳои мубрами акушерӣ дар шароити имруза бо истифодаи стандартҳои миллӣ ва протоколҳои клиникӣ” омузонида шуданд.  Курсҳои клиникӣ ҳамчун як қисми таҳсилоти муттасили тиббӣ бо таваҷҷӯҳ ба омӯзиши амалӣ ва таълими корӣ гузаронида шудаанд. Ҳамаи кафедраҳои  Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” модулҳои   барои мониторинги минбаъдаи дониш ва малакаҳои клиникӣ дар байни кормандони соҳаи тиб дар доираи ҳар як модули таълимӣ рӯйхати махсуси тафтиш таҳия намудаанд. Даврҳои омузишӣ дар оянда боз бо иштироки мутахассисони неонатологҳо, духтурони кудакона ва эҳёгарон дар назар гирифта шудааст.  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *