Home > ХАБАРҲО > Вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд Рие Хираока

Вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд Рие Хираока

Имруз 15 феврали соли 2022 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Рие Хираока, директори Бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд мулоқот намуданд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бо Рие Хираокаро ба Тоҷикистон  хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи санитарию эпидемиологии кишвар, пешгирии бемориҳои сироятӣ, хосатан сирояти  COVID-19 ва дигар бахшҳо мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Инчунин дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати саривақт ва босамар амалӣ намудани ҳадафҳои Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд, аз ҷумла Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд- 0627 –TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи пешгирии бемории коронавирус бо номи “APVAX”  таҳлили вазъи амалишавии Лоиҳаҳо, нақшабандӣ дар доираи Шартномаҳои ба имзо расонидашуда, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

Бояд қайд кард, ки Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” аввалин Лоиҳаи Бонки осиёии рушд дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир ба шумор меравад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *