Home > Бе рубрика > Рие Хираока, директори Бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд аз Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дидан намуд

Рие Хираока, директори Бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд аз Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дидан намуд

15 Феврали соли 2022 Рие Хираока – директори Бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд, Азиз Ҳайдаров – сардори бахши идоракунии Лоиҳаҳои Бонки осиёии рушд ва Ганҷина Фазилова – Офитсери Лоиҳаҳои Намояндагии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Лоиҳаи ”Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд- 0627 –TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Дар ҷараёни вохурӣ  Маҳмудзода Исфандиёр – менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд- 0627 –TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рие Хираокаро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрмақдам гуфта оид ба амалисозии лоиҳа аз рӯи қисматҳои он маълумот дод.

Маҳмудзода И. қайд кард, ки Сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва маблағи умумии лоиҳа 35,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он   гранти Бонки осиёии рушд ба 32 миллион доллари амрикоӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3,2 миллион доллари амрикоӣ баробар буда, дар соли 2021 азхудкунии маблағҳои Лоиҳа ба 111% баробар буда, то имруз ҳаҷми умумии маблағҳои аз аввали татбиқи лоиҳа азхудкардашуда ба 13,74% баробар мебошад.

Рие Хираока директори Бахши иҷтимоии Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд иброз намуд, ки ҷиҳати саривақт ва босамар амалӣ намудани ҳадафҳои Лоиҳа, нақшабандӣ дар доираи Шартномаҳои ба имзо расонидашуда, таҳлили вазъи амалишавии Лоиҳа, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли он чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *