Home > ХАБАРҲО > Шабакаи Муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ бо таҷҳизотҳо ва борхалтаҳои тиббӣ таъмин шуданд

Шабакаи Муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ бо таҷҳизотҳо ва борхалтаҳои тиббӣ таъмин шуданд

Бо мақсади самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ дар доираи ҳадафҳои Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои таҷрибавии Файзобод ва Рашти тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон таҷҳизотҳои тиббӣ ва гайритиббӣ ба шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва борхалтаҳои тиббӣ ба духтурон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ дастрас карда шуд.

Дар маросими чорабинӣ дар ноҳияи таҷрибавӣ Маҳмудзода И.С., менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; муовинони соҳавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияиҳои таҷрибавӣ; кормандони Лоиҳа ва масулини Муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ иштирок варзиданд.

Қайд кардан зарур аст, ки таҷҳизотҳо аз ҷониби Комиссияи баҳодиҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дида баромада қобили қабул шуморида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки таҷҳизотҳои тиббӣ ва ғайритиббӣ аз 41 номгӯ ва борхалтаҳои тиббии духтурон аз 21 номгу ва борхалтаҳои тиббӣ барои ҳамшираҳо аз 28 номгу иборат буда он аз мебелҳои корӣ, нимкат барои муоинаи беморон, мизи акушерӣ, автоклав, картатека ва ғайраҳо иборат мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *