Санаи 1 марти соли равон вохурии Менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Диетер Ҳорнебер, роҳбари Гуруҳи татбиқи Лоиҳаи “Модар ва кӯдаки Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи || -V” Филиали GOPA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вохурӣ масъалаҳо оид ба насб ва идоракунии таҷҳизот доир ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар доираи қисмати 2-юми Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Такмил додани инфрасохтор ва таҷҳизот доир ба Саломатии модар ва кӯдак” дида баромада шуданд.
Дар фарҷом Ҷонибҳо дар ҳамкорӣ бо якдигар ҷиҳати беҳтар намудани ҳифзи солимии модар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаи худро баён намуда, тасмим гирифтанд, ки барои маҳзани ягонаи электронии назорати сифати таҷҳизотҳои тиббӣ робитаҳои хешро боз ҳам вусъат намоянд.